Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк

Раиси вилояти Суғд Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот аз густариши робитаҳои миёни Тоҷикистон ва Украина изҳори хушнудӣ намуда, таъкид кард, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ду давлат ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун тақвият ёфта истодааст.

- Мо ҷонибдори рушди бештари ҳамкориҳо ҳастем ва барои густариши равобит имкониятҳо зиёд аст,- қайд кард Раҷаббой Аҳмадзода.

Ҷонибҳо вобаста ба мубодилаи молу маҳсулот, таҳсили донишҷӯён дар кишварҳои ҳамдигар, истифода аз захираву имконоти мавҷуда барои зиёд  намудани воридоту содироти маҳсулот, дастраскунии таҷҳизоти техникӣ барои пойгоҳҳои обкашӣ,  қисмҳои эҳтиётии техникаҳои кишоварзӣ,  рушди муносибатҳои фарҳангиву илмӣ мубодилаи афкор намуда, хостори тақвиятёбии ҳамкориҳои мутақобилан судманд гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share