Хабарҳо
Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 30.10.2020 14:26
Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 30.10.2020 12:17
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 29.10.2020 16:45
Дар доираи​ ҳафтаи​ "Илм, техника, инноватсия ва ихтироъкории кӯдакону наврасон" озмунҳои гуногун гузаронида мешавад - 29.10.2020 10:01
Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус - 29.10.2020 09:59
Бӯстон. Созандагони​ армуғонҳои беҳтарин барои сайёҳон муайян гардиданд - 29.10.2020 09:53
1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз меёбад - 28.10.2020 16:49
Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом - 28.10.2020 15:22
Гулистон. Беш аз 12 км роҳҳои автомобилгард мумфарш карда шуд - 28.10.2020 14:30
Роҳбарони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошкент мулоқот намуданд - 28.10.2020 11:08

Хадамоти матбуотии Раиси вилоят

Низомномаи Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд

( 14 Овоз )

I. Муқаррароти  умумӣ

1.1. Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд (минбаъд Хадамот) сохтории мустақили Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Котиби матбуотии Раиси вилоят ба Хадамоти матбуотӣ роҳбарӣ менамояд ва аз рӯи фаъолият мустақиман ба Раиси вилояти Суғд тобеъ аст.

1.2. Хадамот пояи ҳуқуқии фаъолияти худро дар заминаи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят, қарор ва фармоишҳои Раиси вилоят ва ҳамзамон Низомномаи мазкур ташкил медиҳад.

1.3. Хадамот фаъолияти худро мустақиман бо Раиси вилоят ва дар ҳамкорӣ бо роҳбари Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси вилоят, идораҳо, муассисаҳо, шӯъбаҳо ва дигар сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, васоити ахбори оммаи вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин кишварҳои хориҷӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки бо васоити ахбори умум сару кор доранд, анҷом медиҳад.

ШУМО ДАР: РОҲБАРИЯТ Хадамоти матбуот