Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори шашум ба раддабандии бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон ворид шуданд

( 0 Овоз )

Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба раддабандии бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон ворид шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «The Muslim-500».

Таҳқиқот аз соли 2009 ба ин тараф ҳар сол нашр мешавад. Онро Маркази шоҳигарии исломии таҳқиқоти стратегии Уммон муштаракан бо Маркази ҳамдигарфаҳмии мусулмонӣ-насронӣ дар Ҷорҷтаун тартиб медиҳад.

Ба ин рӯйхат 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон ворид мешаванд. Сарвари давлати Тоҷикистон бори шашум аст, ки ба ин раддабандӣ ворид мегарданд.

Муаллифони раддабандии The Muslim 500-2021 инчунин Эмомалӣ Раҳмонро ба рӯйхати 450 нафар шахсияти сол шомил карданд.

Ба ғайр аз Президенти Тоҷикистон дар рӯйхати 450 шахсияти сол роҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ зикр шудааст.

Ба раддабандии мусалмонони бонуфузи ҷаҳон имсол шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдул-Азиз, амири Дубай Шайх Муҳаммад бин Рашид Ал-Мақтум, амири Қатар Тамим бин Ҳамад Ал-Танӣ, амири Қувайт Навоф ал-Аҳмад ас-Сабоҳ, президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Малайзия Маҳатхир Муҳаммад, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, президенти Покистон Имрон Хон, раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ва дигарон низ шомил шудаанд.

Share