Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

( 0 Овоз )

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни суҳбат сарвари Қазоқистони бо мо дӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб шуданон ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, ба Пешвои миллат беҳтарин таманниёти худро баён намуданд.

Муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев саҳми бузурги Пешвои миллатро дар таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ ба таври хосса таъкид карданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табрикоти самимӣ ба  Президенти Қазоқистон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ба аҳамияти иқдомҳои муштараки минбаъда дар роҳи таҳким ва таъмиқи муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду давлат ишора карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо камоли хоҳиш аз Пешвои миллат даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Қазоқистон сафари расмӣ анҷом диҳанд. Замони сафар тариқи роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад.


Share