Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

( 0 Овоз )

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбати телефонӣ Пешвои миллат ва Президенти Ӯзбекистони дӯст муколамаашонро ҷиҳати баррасии масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ идома доданд.

Дар ин замина ба рӯйдодҳои рӯзҳои охир дар Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Дар ин зимн ҷонибҳо аҳаммияти бо роҳи музокирот ҳарчӣ зудтар ҳаллу фасл намудани вазъияти бӯҳронии дар ин кишвари ҳамсоя баамаломадаро таъкид карданд.

 

ШУМО ДАР: ПРЕЗИДЕНТ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд