Хабарҳо
Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд - 18.05.2021 16:34
Миёни КВД «Садаф», Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд - 18.05.2021 16:27
Оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла - 18.05.2021 09:30
Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид - 17.05.2021 12:28
Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад - 17.05.2021 11:28
Ҳамоиши адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷойгоҳи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ" доир шуд - 17.05.2021 11:29
Дар Душанбе Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид - 17.05.2021 11:25
Баргузории Дави миллӣ дар Суғд - 16.05.2021 11:10
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 15.05.2021 11:17
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ НАБОЯД САРЧАШМАИ БАДБИНӢ БАЙНИ ҶОМЕА БОШАНД!

( 0 Овоз )

Имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон дар баробари дигар миллату халқҳои олам аз вазъи ногувори баамаломада – пандемияи сирояти коронавируси навъи COVID-19 дар изтиробанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъе аз ҷомеаи ҷањонист, низ аз таъсири ин бемории сироятӣ берун нест.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19 ва табобати саривақтии мубталоёни он аз рӯзҳои аввали зуҳури ин беморӣ дар мамлакат тамоми чораҳои заруриро андешидаву амалӣ намуда истодааст. Зимни суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан иброз доштанд, ки “Ман дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор шабу рӯз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастам ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар тамоми тадбирҳоро андешида истодаам.”

Шоҳид ҳастем, ки имрӯзҳо бо истифода аз фурсат бадхоҳони миллату давлати тоҷик барои амалӣ намудани аҳдофи муғризонаи хеш бештар аз расонаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла, шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Зеро дар марҳилаи кунунӣ таъсири ВАО тамоюли афзоишро касб намуда, дар заминаи рушди интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири бештар касб намудаанд.

Дар шабакаҳои иҷитимоӣ саҳифаҳои махсусе пайдо шудаанд, ки баъзе аз онҳо аз номи як минтақа ё вилоят баромад мекунанд. Аъзоёну маъмурони чунин гурӯҳҳо дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии худ маводҳои характери таҳқиромезу иғвобарангезро нисбати давлату миллатро паҳн мекунанд. Ҳарчанд ақидаи як нафар фарди ноогоҳ ва ё нобакор ҳеҷ вақт наметавонад, мавқеи як минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баёнгар бошад, аммо як иттилои нодурусту ғаразнок метавонад афкори чандин нафарро тағйир диҳад. Аз ин лиҳоз, масъулини гурӯҳҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол вазифадоранд, ки маъсулияти бузургро ба уҳдаи худ бигиранд, то дар байни мардум бадбиниро ба вуҷуд наоранд.

Махсусан имрӯз дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани аҳдофи хеш дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳои худро ҷо дода, дар байни ҷомеа паҳн мекунанд. Дар гуфтугӯҳои мустақим низ баъзе одамон аз нуқтаи назар ва мавқеи шахсии худ суҳбат мекунанд. Нисбати манфиатҳои миллии мо аз кишварҳои хориҷа андешаҳои худро доранд, ки он набояд барои ҷомеа тариқи мустақим пахш шавад. Онҳо бо чунин суҳбатҳои мустақими худ мафкураи баъзе ҷавононро вайрон мекунанд, дар ҷомеа бадбинӣ ба вуҷуд меоранд, ки оқибати он бо нофаҳмиҳо анҷом меёбад.

Мо бояд бештар аз ҳарвақта муттаҳид бошем, мардумро ба оромӣ, сабурӣ ва таҳаммул даъват намоем, то ин ки ба ҳарос ва таҳлука дода нашаванд. Дар ин лаҳзаҳо ба амали онҳое, ки ҳангомаҳо сохта, мардуми дар изтироб мондаро роҳгум занонида, ҳадафу манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳии худро амалӣ намуданианд, набояд роҳ диҳем.

Масъулини воситаҳои ахбори омма ва гурӯҳҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол вазифадоранд, ки манфиатҳои миллиро аз дигар масъалаҳои моҳияти шахсиву гурӯҳидошта болотар гузоранд.

Агар имрӯз мо дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ки ҳадафмандона ва муғризона аз ҷониби душманони давлату миллат роҳандозӣ мешаванд, истодагарӣ накунем, он метавонад ба амнияти милливу давлатиамон таъсири манфӣ расонад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ омили асосии таъмини суботу амният ва оромии ҷомеа, рушду шукуфоии кишварамон мебошад. Набояд дар муқобили ҳуҷумҳои иттилоотӣ бетарафиро ихтиёр кард ва хомӯш буд. Ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод.

Силмон Мавлоназаров, мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ

  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ НАБОЯД САРЧАШМАИ БАДБИНӢ БАЙНИ ҶОМЕА БОШАНД!