Сафари кории Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба шаҳри Истаравшан

( 1 Овоз )

Сафари кории  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба шаҳри Истаравшан

Видео :Сафари кории  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба шаҳри Истаравшан
Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода рӯзҳои 18 ва 19-уми апрел ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дод.

Дар нахустин рӯзи сафари корӣ Раиси вилоят аз қисми ҳарбии 04533-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сабристон, боздид ба амал оварда, бо шароити зист ва рӯзгори сарбозон шинос шуд.

Дар қисми ҳарбии мазкур барои аскарон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин сарбозон бо хӯрокаву пӯшока пурра таъмин мебошанд.

Пасон, Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз сохтмони бинои нотамоми маъмурии ҷамоати мазкур дидан кард. Дар саҳни бинои ҷамоат, Раиси вилоят бо аҳли деҳа сӯҳбати гарму самимӣ орост ва аз ташаббуси бунёдкоронаи сокинон изҳори қаноатмандӣ намуда,  иброз дошт, ки барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани ин бино 60 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонии бинои таваллудхонаи шаҳрӣ ошно гардид. Бинои мазкур ҳанӯз дар даврони шӯравӣ қомат афрохта, то ҳол нотамом монда буд. Соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, барои идомаи корҳои сохтмонӣ ва ба истифода додани ин бино беш аз 1 миллиону сесад ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Раиси вилоят барои хушсифат иҷро кардани корҳои сохтмонӣ ва бо системаи ягонаи гармидиҳӣ муҷаҳҳаз намудани шӯъбаҳои бунёдшавандаи эҳё ва ҷарроҳии бачагона ба масъулини соҳа супориш дод. Зикр гардид, ки ин шӯъбаҳо моҳи августи соли равон мавриди баҳрабардории умум қарор хоҳад гирифт.

Ҳангоми шиносоӣ аз лоиҳаи таъминоти оби нӯшокии сокинони деҳаҳои Боғи Калон ва Сахсиёни ҷамоати деҳоти Гули Сурх, Раиси вилоят иброз намуд, ки барои таъминоти сокинони деҳаҳои мазкур бо оби нӯшокӣ аз буҷети вилоятӣ 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Бо баробари ифтитоҳи хатти нави оби нӯшокӣ аҳолии ду деҳа, Боғи Калон ва Сахсиён, ки дар онҳо беш аз 7000 нафар аҳолӣ истиқомат доранд, бо обӣ ошомиданӣ таъмин мегарданд.

Раиси вилоят, инчунин аз ҷараёни корҳои азнавсозии хонаи саломатии деҳаи Боғи Калони ҷамоати Гули Сурх дидан кард. Хонаи саломатӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Қаҳрамон Ҳамдамов бо харҷи 250 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ мегардад. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ин иқдоми созандагиро намунаи хуби ватандӯстиву ободкорӣ  арзёбӣ намуд. Корҳои сохтмонии хонаи саломатӣ моҳи майи соли ҷорӣ оғоз ёфта, то моҳи август ба итмом хоҳад расид. Ҳамчунин баробари ба итмом расидани корҳои таъмиру тармим аз ҷониби соҳибкор ба марказ автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ тӯҳфа карда мешавад.

Зимни боздид аз ҳаёту фаъолияти тарбиятгирандагони мактаб – парваришгоҳи шаҳр, Раиси вилоят бо шароити зисти онҳо шинос гашта, ба бошандагони ин даргоҳ тӯҳфаҳо супорид. Боргоҳи мазкур соли 2010 бо мақсади ҷалби  кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои ниёзманд ба таълиму тарбия, таъсис дода шудааст. Алҳол дар ин ҷо 140 нафар хонандагони синфҳои 1-6 ба илмомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 36 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Раиси вилоят бо утоқҳои дарсӣ ва касбомӯзии тарбиятгирандагон аз наздик ошно гардид. Бинои мактаб-парваришгоҳ аз ду ошёна иборат буда, дорои 11 утоқи хоб, 8 синфхона ва ошхона мебошад, ки 140 ҷои нишаст дорад.

Дар маркази шаҳр, бо иштироки Раиси вилоят толори нави мактаби варзишии наврасони № 1 ифтитоҳ ёфт. Ин толор бо ташаббуси  соҳибкорон, собиқ хатмкунандагони он ва волидайни хонандагон бо харҷи 670 ҳазор сомонӣ қомат афрохтааст. Дар мактаби варзишӣ 64 гурӯҳ фаъолият бурда, дар он 624 нафар ҷавонону наврасон аз рӯи намудҳои волейбол, баскетбол, футбол, гӯштини тарзи озод ва юнони румӣ ба варзиш шуғл меварзанд. Ҳамчунин, 60 нафар бонувон низ дар ин мактаб ба варзиш машғул ҳастанд.

Дар ин рӯз, Раиси вилоят ҳамчунин аз хоҷагии навтаъсиси моҳипарварӣ - ҶСШК «Бадри нур» дидан кард. Хоҷагии мазкур аз ҷониби Абдулло Раҷабов соли 2011 ташкил карда шудааст. Айни замон дар ин мавзеъ 3 ҳавзи моҳидорӣ мавҷуд буда, дар он 31 ҳазор моҳӣ парвариш карда мешавад.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои таъмири осоишгоҳи «Уротеппа»-и ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калон низ боздид ба амал овард. Осоишгоҳ дорои 62 хонаи истироҳатӣ буда, айни замон 3 бинои он аз таъмири хушсифат бароварда шудааст.

Дар ин рӯз, дар қасри маданияти шаҳр бо иштироки сокинони панҷ  ҷамоати деҳоти шаҳри Истаравшан мулоқоти Раиси вилоят баргузор гашт. Қоҳир Расулзода перомуни вазъи кунунии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр сухан ронд. Ҳамчунин рӯзи қабули шаҳрвандон, ки бо усули «Равзанаи ягона» ҷараён гирифт, натиҷабардорӣ карда шуд. Роҳбарони ҷамоатҳо имкон пайдо намуданд, аз мушкилоти мавҷудаи деҳаҳо рӯ ба рӯ, ба Раиси вилоят муроҷиат намоянд.

Рӯзи дуввуми сафари кории Раиси вилоят бо гузоштани санги асос дар сохтмони мактаби нави деҳаҳои Навганда ва Навкати ҷамоати деҳоти Зарҳалол оғоз ёфт. Тибқи лоиҳа мактаб аз ду ошёна, 10 синфхона ва ошхона иборат аст. Барои сохтмони ин мактаб аз буҷети вилоятӣ 1,4 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Дар идомаи сафари кории хеш Раиси вилоят аз Маркази байниноҳиявии дилшиносӣ ва вазъи саломатии беморон дар ҷамоати деҳоти Зарҳалол низ дидан кард. Беморхонаи мазкур дорои 83 кати хоб буда, ба сокинони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ғончӣ ва Зафаробод хизмат мерасонад.

Раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонии мактаби нав барои 180 нафар хонанда дар деҳаи Сӯфи Орифи ҷамоати деҳоти Зарҳалол ошно гардида, барои беҳтар ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супориш дод. Ӯ изҳор дошт, ки барои сохтмони мактаб 100 ҳазор сомонӣ аз буҷети вилоятӣ ҷудо мегардад.

Ҳамзамон, Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба боғи тозабунёдшавандаи хоҷагии деҳқонии “Абдувоҳид” ташриф овард. Хоҷагӣ дорои 1,3 га замин буда, самти асосии фаъолияташ боғу токпарварӣ мебошад.

Сипас,  Раиси вилоят ба хонаи саломатии деҳаи Қалъачаи Бакавули ҷамоати деҳоти Ҷавкандак низ ташриф овард. Айни замон дар ин хонаи саломатӣ 3 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ба 3800 нафар аҳолии деҳа хизмат мерасонанд. Дар саҳни бино Раиси вилоят бо мардуми деҳа мулоқот доир намуд.

Раиси вилоят аз чойхонаи деҳаи Қалъаи Баланди ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланд низ боздид ба амал овард. Дар ин деҳа аз ҷониби  бародарон Дадобоевҳо чойхонаи маҳалла азнавсозӣ карда мешавад ва ҳамзамон, дар қабати дуввуми он тӯйхона бунёд мегардад.

Сипас фаъолияти чойхонаи деҳаи Яккабоғи ҷамоати деҳоти Пошкент мавриди таваҷҷӯҳи Раиси вилоят қарор гирифт. Бинои чойхона солҳои 50 уми қарни гузашта бунёд ёфта, имрӯзҳо ба 4000 нафар аҳолии деҳа хизмат мерасонад.

Ҳамчунин шумо метавонед, навори ин мақоларо аз сомонаи www.youtube.com тамошо кунед. Видео :Сафари кории  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба шаҳри Истаравшан

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Сафари кории  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба шаҳри ИстаравшанСафари кории  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба шаҳри ИстаравшанСафари кории  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба шаҳри Истаравшан
Сафари кории  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба шаҳри ИстаравшанСафари кории  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба шаҳри Истаравшан

Сафари кории  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба шаҳри ИстаравшанСафари кории  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба шаҳри ИстаравшанСафари кории  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба шаҳри ИстаравшанСафари кории  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба шаҳри ИстаравшанСафари кории  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба шаҳри ИстаравшанСафари кории  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба шаҳри ИстаравшанСафари кории  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба шаҳри Истаравшан

Share