Боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз манзилҳои харобшудаи сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён

( 0 Овоз )

5 майи соли 2021 Раиси вилояти Суғд аз манзилҳои истиқоматие, ки бар асари муноқишаи марзии охири моҳи апрел рухдода хароб гардида буданд, боздид кард.

Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара вазъи кунунии хонаҳои истиқоматиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бо соҳибони онҳо суҳбат намуд.

Таъкид карда шуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати 1 моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасида пурра бунёду барқарор гардида, бо маводи зарурии рӯзгор таъмин карда мешаванд.

Айни замон дар шаҳри Исфара ситоди корӣ ҷиҳати барқарорсозии хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъол буда, дар ин самт чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

-Давлат ва Ҳукумат дар паҳлуи мардум аст ва мо бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо шумо тамоми биноҳоро бунёду барқарор месозем, - зикр кард Раҷаббой Аҳмадзода.

Сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён таъкид доштанд, ки руҳафтодаву ноумед нестанд ва бовар доранд, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат соҳиби сарпаноҳ мегарданд.

Бино ба таъкиди сокинон хонаҳои онҳо аз тарафи шаҳрвандони кишвари ҳамсоя қасдона оташ зада шуда, сипас наворбардорӣ гардидаву дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор дода шудааст.

Боиси зикр аст, ки ба оилаҳои зарардида аз тарафи роҳбарияти вилоят маводи ғизоӣ дастрас гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share