Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом

( 0 Овоз )

27 октябри соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар Раиси вилоят нахуст аз дидбонгоҳи сарҳадии мустақар дар деҳаи Санҷидзори шаҳр боздид намуда, рафти корҳои ободониро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод ва​ барои иҷрои босифати корҳо дастуру тавсияҳо дод.​

Ёдовар бояд шуд, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кору фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ ва муҳофизони марзу буми кишвар шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Дар дидбонгоҳи сарҳадии мазкур, ки дорои ҳуҷраҳои корӣ, истироҳатӣ, анбор барои нигаҳдории маҳсулот, ошхона, ҳаммом, ҷой нигаҳдории нақлиёт ва дигар иншооти зарурӣ мебошад, корҳои созандагӣ ҷараён дорад. Дар доираи корҳои ободонӣ ҳамзамон роҳҳои ҳудуди дидбонгоҳ ва даромадгоҳи асосии он пурра мумфарш карда хоҳад шуд.

Сипас, Раиси вилоят аз ҶДММ “Моҳии заррин”, ки дар ҳудуди деҳаи Ниёзбеки Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарипови шаҳри Конибодом ҷойгир мебошад, боздид намуда, хатти нави истеҳсолиро мавриди истифода қарор дод. Дар корхонаи мазкур истеҳсоли гаҷ ва гаҷтахта(гипсокартон) ба роҳ монда шуда, дар 9 моҳи соли 2020 дар он 3040 дона гаҷтахта истеҳсол гардидааст. Бо ташкили хатти нави технологӣ дар назар аст, ки минбаъд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ зиёд карда шавад. Корхона соли 2016 аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди бисёрсоҳавию илмӣ-техникии “Нур” ташкил карда шудааст. ​

Соли 2016 аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ барои хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ бо самти боғпарварӣ ба корхона дар масоҳати 60 гектар замин ҷудо карда шуда, айни ҳол дар 30 гектари он боғ ташкил карда шуда, азхудкунии боқимонда 30 гектар заминҳо идома дорад.

Тавре иттилоъ дода шуд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди бисёрсоҳавию илмӣ-техникии “Нур” дар корҳои ободонӣ низ саҳм гузошта, дар ҳудуди ҷамоат ​ пули мошингузареро, ки 25 метр дарозӣ ва 8 метр паҳноӣ дорад, азнавсозӣ намуда истодааст.

Раиси вилоят ба фаъолияти корхона ва саҳми он дар ободонии маҳал баҳои баланд дода, барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share