Рӯзҳои 29 ва 30-юми декабр ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мешавад

( 0 Овоз )

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзҳои 29 ва 30-юми декабри соли равон дар мавзеъи назди Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, қаннодӣ, орду равған баргузор мегардад.

Дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, равған, меваҷот, полезиҳо, маҳсулоти шириву қаннодиро нисбати нархҳои бозор то 30 % арзон пешниҳоди сокинон менамоянд.

Марҳамат ба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ!

Share