Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Раиси вилояти Суғд аз 23 апрели соли 2020, №161 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2020» озмун эълон менамояд.
Озмун мутобиқ ба қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2020 гузаронида мешавад.
Грантҳои Раиси вилоят ба шаҳрвандони вилояти Суғд-занҳои ҳунарманд ва эҷодкор аз қабили бофандагон, дӯзандагон, армуғонсозу кулолгарон, чӯбкорону ресандагон, читгарону рассомон, ки лоиҳаҳои таҳия намудаи онҳо ба ҳалли масоили занон ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи корӣ тавассути рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд, ба андозаи зерин ҷудо карда мешавад:
- 15 грант дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ;
- 15 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ;
- 30 грант дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ.
Занони ҳунарманд ва эҷодкор метавонанд маълумоти иловагиро оид ба талаботи пешниҳод намудани лоиҳа аз Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо суроғаи шањри Хуҷанд, хиёбони Раҳмон Набиев №45 ва бо телефонии (83422) 4-65-37, 4-68-50 дастрас намоянд.
Лоиҳаҳое, ки ба талаботи озмун ҷавобгӯй нестанд баррасӣ ва баргардонида намешавад.
Муҳлати пешниҳоди лоиҳаҳо то санаи10 июли соли 2020.