Хабарҳо
Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 04.08.2020 14:26
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29

Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят барои рӯзноманигорон дар самти пешгирии зӯроварӣ ва хушунат озмун эълон мекунад

( 2 Овоз )

Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи маъракаи иттилоотии “16 рӯзи алайҳи хушунат нисбати занон” байни рӯзноманигорон озмун эълон мекунад. 

Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз сани 25 ноябр то 10 декабр маъракаи иттилоотии “16 рӯзи алайҳи хушунат нисбати занон!” гузаронида мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд низ аз тарафи Раёсати кор бо занон ва оила якҷоя бо раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, тандурустӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бахшида ба ин маъракаи байналхалқӣ чорабиниҳои гуногуни иттилоотӣ гузаронида мешавад.

Бояд зикр кард, ки дар гузаронидани маъракаи иттилоотии “16 рӯзи алайҳи хушунат нисбати занон!” нақши воситаҳои ахбори омма назаррас аст!

Барои ҳавасманд намудани рӯзноманигорон, ҷалби онҳо ба мавзӯи пешгирии зӯроварӣ дар хонавода Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд озмуни кушодро таҳти унвони “Зан-модар тоҷи офариниш” эълон менамояд!

Шарт ва талаботи озмун:

  1. Мавод дар расонаи расмӣ (маҳаллӣ, ватанӣ, байналхалқӣ) аз санаи 1 январи соли 2019 то 15 ноябри соли 2019 нашр ва ё пахш гардида бошад;  
  2. Мазмуни мавод ба мавзӯи озмун мувофиқат кунад;
  3. Мавод бояд муаллифӣ бошад;
  4. Маводи чопӣ: мақола, эссе, очерк, гузориш, нақл (story) дар рӯзнома ва ё маҷалла;
  5. Барномаҳои радиоӣ: очерк, сӯҳбат, подкаст, барномаи таҳлилӣ;
  6. Барномаҳои телевизионӣ: ток-шоу, сӯҳбат, гузориш, барномаи таҳлилӣ;
  7. Сомонаҳои интернетӣ: мақола, гузориш, нақл (story), маводи таҳлилӣ, очерк, эссе, мултимедиа, инфографика.


Кӣ метавонад иштирок кунад!?

  1. Рӯзноманигорон;
  2. Блоггерон;
  3. Расонаҳои маҳаллӣ, ватанӣ ва байналхалқӣ;

Озмун дар охирон рӯзи маъракаи иттилоотии “16 рӯзи алайҳи хушунат нисбати занон!” ҷамъбаст карда шуда, ғолибонро диплом ва тӯҳфаҳои арзишнок интизор аст! 
Хоҳишмандон метавонанд маводи худро то 20 ноябри соли 2019 ба унвони Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд равон созанд!

Телефон барои маълумоти иловагӣ: (83422) 4-68-50, 4-65-37, (92) 980-47-55.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: БАХШҲО Эълонҳо Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят барои рӯзноманигорон дар самти пешгирии зӯроварӣ ва хушунат озмун эълон мекунад