Хабарҳо
Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд - 18.05.2021 16:34
Миёни КВД «Садаф», Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд - 18.05.2021 16:27
Оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла - 18.05.2021 09:30
Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид - 17.05.2021 12:28
Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад - 17.05.2021 11:28
Ҳамоиши адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷойгоҳи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ" доир шуд - 17.05.2021 11:29
Дар Душанбе Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид - 17.05.2021 11:25
Баргузории Дави миллӣ дар Суғд - 16.05.2021 11:10
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 15.05.2021 11:17
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44

КҲФ ва МГ Тоҷикистон зарари низои мусаллаҳонаро дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон муайян мекунад

( 0 Овоз )

Бо мақсади муайян кардани зарари низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров хонаҳои зарардидаи се ҷамоати Исфара: Сурх, Ворух, Чоркӯҳ ва деҳаҳои Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро тадқиқ мекунад.

Тавре ки хадамоти матбуоти кумитаи мазкур  иттилоъ медиҳад, мутобиқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи низоъ дар ҳудуди 3 ҷамоати Исфара 14 бинои истиқоматӣ пурра хароб шуда, 2 хона ва 1 иншооти ёрирасон қисман зарар дидаанд.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёна ва хонаи истиқоматӣ дар ҳудуди деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров зарар дидаанд.

Комиссияҳои эвакуатсионии Исфара, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ҷ. Расулов ва ноҳияи Спитамен дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят, Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд тақрибан 15 ҳазор сокини маҳаллиро, ки дар минтақаи низоъ қарор доштанд, ба ҷойҳои бехатар интиқол доданд. Дар айни замон ҳамаи онҳо ба ҷойҳои истиқомати доимии худ баргардонида шуданд.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулода кори худро идома медиҳад.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд КҲФ ва МГ Тоҷикистон зарари низои мусаллаҳонаро дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон муайян мекунад