Хабарҳо
Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд - 18.05.2021 16:34
Миёни КВД «Садаф», Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд - 18.05.2021 16:27
Оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла - 18.05.2021 09:30
Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид - 17.05.2021 12:28
Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад - 17.05.2021 11:28
Ҳамоиши адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷойгоҳи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ" доир шуд - 17.05.2021 11:29
Дар Душанбе Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид - 17.05.2021 11:25
Баргузории Дави миллӣ дар Суғд - 16.05.2021 11:10
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 15.05.2021 11:17
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44

Ҷобирзода Ҳабибулло ғолиби озмуни вилоятии "Турсунзодахонӣ" шуд

( 0 Овоз )

1  майи соли 2021 дар Муассисаи давлатии "Мактаб барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд бахшида  ба 110-солагии гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд озмуни вилоятии "Турсунзодахонӣ" баргузор гардид.

Озмуни мазкур бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ба хотири ҷалби хонандагон ба адабиёт, шеъру шоирӣ, бедор намудани ҳисси эҷодкорӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, бой гардонидани захираи луғавӣ, тарбияи ғояҳои ватандўстӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ташкил ва баргузор гардид.

Дар озмуни  вилоятии "Турсунзодахонӣ" беш аз 50 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда,  аз ҷониби ҳайати доварон ба ҳифз кардани шеърҳо аз эҷодиёти Мирзо Турсунзода, маънидод намудани онҳо, тарзи баён ва шарҳи луғатҳои душворфаҳм баҳогузорӣ карда шуд.

Озмун тибқи Низомнома дар ду гурӯҳи синнусолӣ - то 13 сола ва аз 13 сола боло баргузор гардида, дӯстдорони шеъри ноби устод Мирзо Турсунзодаро муттаҳид намуд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳайяти ҳакамони озмун ғолибон муайян карда шуданд.

Соҳиби Шоҳҷоиза ва ғолиби мутлақи озмун Ҷобирзода Ҳабибулло - хонандаи синфи 9, Гимназияи №2 шаҳри Бӯстон гардид.

Ҳамаи ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Диплом, инчунин тамоми иштирокчиёни озмун бо Сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд қадршиносӣ карда шуданд.

Ғолибони ҷойҳои аввал ва барандаи Шоҳҷоиза ба даври ҷумҳуриявии озмун, ки бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷобирзода Ҳабибулло ғолиби озмуни вилоятии "Турсунзодахонӣ" шуд