Хабарҳо
Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд - 18.05.2021 16:34
Миёни КВД «Садаф», Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд - 18.05.2021 16:27
Оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла - 18.05.2021 09:30
Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид - 17.05.2021 12:28
Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад - 17.05.2021 11:28
Ҳамоиши адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷойгоҳи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ" доир шуд - 17.05.2021 11:29
Дар Душанбе Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид - 17.05.2021 11:25
Баргузории Дави миллӣ дар Суғд - 16.05.2021 11:10
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 15.05.2021 11:17
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44

Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят озмун эълон менамояд

( 1 Овоз )

Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Раиси вилояти Суғд аз 6 апрели соли 2021, №167 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025» озмун эълон менамояд.

Озмун мутобиқ ба қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025 гузаронида мешавад.

Грантҳои Раиси вилоят ба шаҳрвандони вилояти Суғд-занҳои ҳунарманд ва эҷодкор аз қабили бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумӣ ва дастӣ, ки лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба ҳалли масоили занон ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи корӣ тавассути рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд ба андозаи зерин ҷудо карда мешавад:

- 15 грант дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ;

- 15 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ;

- 30 грант дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ.

Занони ҳунарманд ва эҷодкор метавонанд маълумоти иловагиро аз Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо суроғаи шаҳри Хуҷанд, хиёбони Раҳмон Набиев №45 ва бо телефони (83422) 4-68-50, 4-65-37 дастрас намоянд.

Лоиҳаҳое, ки ба талаботи озмун ҷавобгӯй нестанд баррасӣ ва баргардонида намешаванд.

Муҳлати пешниҳоди лоиҳаҳо то 30 июни соли 2021.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят озмун эълон менамояд