Хабарҳо
Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд - 18.05.2021 16:34
Миёни КВД «Садаф», Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд - 18.05.2021 16:27
Оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла - 18.05.2021 09:30
Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид - 17.05.2021 12:28
Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад - 17.05.2021 11:28
Ҳамоиши адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷойгоҳи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ" доир шуд - 17.05.2021 11:29
Дар Душанбе Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид - 17.05.2021 11:25
Баргузории Дави миллӣ дар Суғд - 16.05.2021 11:10
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 15.05.2021 11:17
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

( 1 Овоз )

Шаби 29 апрели соли 2021 мулоқоти кории намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли низои мусаллаҳона дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки амалиёти ҳарбиро дар минтақаҳои наздисарҳадии Суғд ва Бодканд қатъ карда, неруҳо ва техникаи низомиро аз минтақаҳои наздимарзӣ ба макони ҷойгиршавии доимии худ баргардонанд, инчунин раванди гуфтушунидро бо мақсади ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои марзӣ идома диҳанд.

Бино бар ин, қарор қабул гардид, ки аз ҳисоби кормандони мақомоти дахлдори ҷонибҳо гурӯҳи корӣ ҷиҳати назорати иҷрои созишҳои ҳосилшуда ва андешидани тадбирҳои фаврӣ барои паст кардани шиддати вазъ дар хатти сарҳади давлатӣ таъсис дода шавад.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон