Хабарҳо
Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд - 18.05.2021 16:34
Миёни КВД «Садаф», Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд - 18.05.2021 16:27
Оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла - 18.05.2021 09:30
Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид - 17.05.2021 12:28
Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад - 17.05.2021 11:28
Ҳамоиши адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷойгоҳи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ" доир шуд - 17.05.2021 11:29
Дар Душанбе Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид - 17.05.2021 11:25
Баргузории Дави миллӣ дар Суғд - 16.05.2021 11:10
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 15.05.2021 11:17
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони ширкати «Риттер»-и Шветсария

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони ширкати бонуфузи «Риттер»-и Шветсарияро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба коркарди ниҳоии пахта, фаъолгардонии корхонаҳои коркард, истифодаи иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт баррасӣ гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳини суҳбат таъкид кард, ки бо назардошти ашёи муҳими саноатӣ будани пахта бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоҳати кишти пахта сол аз сол зиёд гардида истодааст. Соли гузашта дар вилояти Суғд 130 ҳазор тонна пахта истеҳсол гардида буд ва интизор меравад, ки имсол аз тарафи хоҷагиҳои пахтакори вилоят 150 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шавад. Вилояти Суғд барои то ҳадди ниҳоӣ коркард кардани пахта ва ба роҳ мондани истеҳсоли либосҳои босифату бозоргир ҳавасманд буда, дар ин ҷода нишондиҳандаҳо назаррас мебошанд. Дар вилоят 8 корхонаи бузурги саноатӣ ба коркарди нахи пахта машғул буда, дар ин корхонаҳо маҳсулоти тайёр истеҳсол мегардад. 90 дарсади маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои “Ҷавонӣ“ ва “Сатн” ба Аврупо содирот карда мешавад.

Чуноне иттилоъ дода шуд, ширкати «Риттер» ба истеҳсоли таҷҳизоту дастгоҳҳои ресандагӣ машғул аст ва ҳадаф аз сафари намояндагони ширкат омӯзиши бозори минтақа аст.

-Мо омодаем бо ширкатҳое назири “Риттер” ҳамкорӣ карда, технологияи наву муосирро ворид ва вазъи корхонаҳои коркарди пахтаро боз ҳам беҳтар намоем,-таъкид кард дар охири суҳбат Раиси вилоят.

Мавриди зикр аст, ки намояндагони ширкат дар доираи сафар аз як қатор корхонаҳои коркарди пахта вилоят боздид карда, бо фаъолияти корхонаҳо шинос мегарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони ширкати «Риттер»-и Шветсария