Хабарҳо
Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд - 18.05.2021 16:34
Миёни КВД «Садаф», Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд - 18.05.2021 16:27
Оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла - 18.05.2021 09:30
Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид - 17.05.2021 12:28
Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад - 17.05.2021 11:28
Ҳамоиши адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷойгоҳи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ" доир шуд - 17.05.2021 11:29
Дар Душанбе Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид - 17.05.2021 11:25
Баргузории Дави миллӣ дар Суғд - 16.05.2021 11:10
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 15.05.2021 11:17
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44

Вохӯрии Раҷаббой Аҳмадзода бо директори фабрикаи пойафзолбарории Магнитагорски Федератсияи Россия

( 0 Овоз )

Бегоҳии рӯзи 27 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори фабрикаи пойафзолбарории Магнитагорски Федератсияи Россияро  ба ҳузур пазируфт.

Аснои суҳбат ҷонибҳо перомуни тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят нахуст доир ба вазъи соҳаи саноати вилоят ва тадбирҳои амалишаванда дар ин соҳа маълумот дод. Қайд карда шуд, ки тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ва таъмини ҳарчи бештари шаҳрвандон бо ҷойи кор якҷо бо соҳибкорону сармоягузорон лоиҳаҳои мушаххас амалӣ шуда истодааст.

Яке аз чунин тадбирҳои нек ташкили корхонаҳои пойафзолбарорӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ гардид. Тавре зикр шуд, феълан дар вилояти Суғд 6 корхонаи пойафзолбарорӣ фаъолият доранд, ки аз инҳо ду корхона дар шаҳри Исфара, ду корхона дар шаҳри Истаравшан ва ду корхонаи дигар дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон ҷойгиранд. Соли 2020 дар ин корхонаҳо 115,8 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 ҳудуди 50 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад. Дар соли 2020 дар шаҳри Исфара корхонаи пойафзолбарории ҶДММ “Исфара-саманд” ва дар шаҳри Истаравшан ҶДММ “Кафшгар” таъсис дода шуданд. Дар ҶДММ “Исфара-саманд, ки  бо иқтидори 10 ҳазор ҷуфт дар як сол ба кор оғоз намудааст, 20 нафар бо ҷойи кор ва дар ҶДММ “Кафшгар”,  ки иқтидори 60 ҳазор ҷуфт пойафзол дар як солро дорад 23 нафар бо кор таъмин гардиданд. Дар семоҳаи авали соли ҷорӣ бошад дар шаҳрҳои Бӯстон ва Истаравшан ду коргоҳи пойафзолбарорӣ ба фаъолият оғоз намуд ва дар натиҷа истеҳсоли пойафзол дар вилояти Суғд 3,3 баробар афзудааст.

Бо назардошти зиёдшавии истеҳсоли пӯст дар вилоят роҳбари вилоят пешниҳод намуд, ки дар ояндаи наздик аз ҷониби фабрикаи пойафзолбарории Магнитагорски Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд корхонаи пойафзолбарорӣ таъсис дод шавад.

Маврид ба зикр аст, ки дар асоси нақшаҳои тарҳрезишуда фабрикаи пойафзолбарории Магнитагорск дар корхонаи пойафзолбарории ҶДММ “Исфара-саманд”-и шаҳри Исфара хати нави истеҳсоли пойафзолро ба роҳ мемонад, ки дар натиҷа шумораи ҷойҳои корӣ зиёд ва ҳаҷми истеҳсолот бештар мешавад. Ин иқдомро Раиси вилоят хуш истиқбол намуда, илова кард, ки дар вилояти Суғд шумораи хонандагон наздик ба 600 ҳазор нафар буда, дар сурати амалӣ гардидани нақшаҳои нек хонандагон бо пойафзоли истеҳсоли худӣ таъмин мешаванд.

Директори фабрикаи пойафзолбарории Магнитагорски Федератсияи Россия Владимир Валашок дар баробари изҳори сипос барои пазироӣ, ҳамзамон омодагии худро барои расидан ба  ҳадафҳои муштарак ва истифодаи имконоти мавҷуда дар вилояти Суғд баён намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Вохӯрии Раҷаббой Аҳмадзода бо директори фабрикаи пойафзолбарории Магнитагорски Федератсияи Россия