Хабарҳо
Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд - 18.05.2021 16:34
Миёни КВД «Садаф», Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд - 18.05.2021 16:27
Оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла - 18.05.2021 09:30
Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид - 17.05.2021 12:28
Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад - 17.05.2021 11:28
Ҳамоиши адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷойгоҳи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ" доир шуд - 17.05.2021 11:29
Дар Душанбе Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид - 17.05.2021 11:25
Баргузории Дави миллӣ дар Суғд - 16.05.2021 11:10
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 15.05.2021 11:17
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44

Баргузории фестивалҳои “Сад ранги чакан” ва “Ҳунар аз зар беҳтар бувад”

( 0 Овоз )

Дар толори Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги “Суғдиён” – и шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти унвони “Сад ранги чакан” ва “Ҳунар аз зар беҳтар бувад” фестивалҳои вилоятӣ баргузор гардид.

Онро муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ҳусни оғоз бахшида, аз боби солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ва баргузории имрӯза чорабинӣ, ки ҳанӯз дар оғози моҳи апрели соли равон даври якуми он дар шаҳру навоҳии вилоят доир гардида буд, ёдовар шуд. Доир ба нерӯи созандаи ҷомеа - занону духтарон, нақши онон дар ободонии кишвар изҳори ақида намуда, аз суханронии Пешвои муаззами миллат ёдовар шуд: “Бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд”.

- Бо иқдоми Президенти мамлакат, - қайд кард Зайнура Азимӣ чакан ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар феҳрасти созмони ЮНЕСКО расман ба қайд гирифта шудааст. Ва баргузории Фестивали вилоятии “Сад ранги чакан” ва “Ҳунар аз зар беҳтар бувад” ба хотири гиромидошти фарҳанги миллӣ буда, он ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва густариш бахшидани нақшу нигор , сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунарҳои аҷдодӣ равона гардидааст. Мақсади асосии баргузории чунин фестивалҳо баланд бардоштани эҳсоси ватандориву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг ва расму оинҳои милливу мардумӣ ва муаррифии санъати ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Натиҷаҳои истифода аз чунин имкониятҳо собит месозад, ки ҳамасола ҷудо гардидани грантҳо тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида зиёда аз 550 нафар занону духтарон бо кору омӯзиш фаро гирифта шуданд. Ин натиҷаҳои назаррас баёнгари он аст, ки доираи фарогирии бонувону духтарони вилоят ба ҳунаромӯзӣ ва дӯхтан пайваста афзун мегардад. Бо ин восита шумораи бекорон коста гардида, вазъи иҷтимоии аҳолии вилоят низ рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.

Сипас, аз ҷониби ҳакамон беҳтарин тарроҳон ва ҳунармандон дар номинатсияҳои гуногун муайян гардида, бо Сипосномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳо қадршиносӣ шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории фестивалҳои “Сад ранги чакан” ва “Ҳунар аз зар беҳтар бувад”