Хабарҳо
Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд - 18.05.2021 16:34
Миёни КВД «Садаф», Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд - 18.05.2021 16:27
Оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла - 18.05.2021 09:30
Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид - 17.05.2021 12:28
Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад - 17.05.2021 11:28
Ҳамоиши адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷойгоҳи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ" доир шуд - 17.05.2021 11:29
Дар Душанбе Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид - 17.05.2021 11:25
Баргузории Дави миллӣ дар Суғд - 16.05.2021 11:10
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 15.05.2021 11:17
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44

Миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қӯқанд меморандуми ҳамкорӣ имзо шуд

( 0 Овоз )

Миёни шаҳрҳои Хуҷанди вилояти Суғд ва Қӯқанд вилояти Фарғона меморандуми ҳамкорӣ имзо гардид.

Бо баимзорасии ҳуҷҷат ба ҳамкории миёни ду шаҳри таърихии вилоятҳои Суғд ва Фарғона  асос гузошта шуд.

Меморандуми ҳамкорӣ зимни қабули расмӣ дар Кохи "Ӯрда"-и шаҳри Қӯқанд аз тарафи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруф Усмонов ба имзо расид.

Ҳамакнун шаҳрҳои таърихии Хуҷанд ва Қӯқанд тибқи санади имзошуда ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, ҳифзи сиҳатии омма ва илму маорифро тақвият хоҳанд бахшид.

Ёдовар мешавем,  ки ҳайати расмии вилояти Суғд таҳти раҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати иштирок дар бизнес-форуми минтақавӣ ба вилояти Фарғона сафар карда,  дар доираи сафар миёни ду вилоят як қатор ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ имзо шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қӯқанд меморандуми ҳамкорӣ имзо шуд