Хабарҳо
Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд - 18.05.2021 16:34
Миёни КВД «Садаф», Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд - 18.05.2021 16:27
Оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла - 18.05.2021 09:30
Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид - 17.05.2021 12:28
Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад - 17.05.2021 11:28
Ҳамоиши адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷойгоҳи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ" доир шуд - 17.05.2021 11:29
Дар Душанбе Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид - 17.05.2021 11:25
Баргузории Дави миллӣ дар Суғд - 16.05.2021 11:10
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 15.05.2021 11:17
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44

Илм ва инноватсия дар низоми татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллӣ

( 0 Овоз )

21 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  конференсияи илмию амалии олимону профессорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони “Илм ва инноватсия дар низоми татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллӣ” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи илми тоҷик оғоз гардид.

Дар бахши ифтитоҳии конференсияи мазкур Тоҷибой Султонзода– мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Муҳаммади Изатулло Сайфуллозода - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини аввали прокурори вилояти Суғд, Раҳмонов Зафар Абдусаломович – раиси ҶСП “Тавҳидбонк” дар ш. Хуҷанд ва Орипова Зиёда - намояндаи ширкати “Стар-пласт” ширкат варзиданд.

Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода меҳмононро ба ҳамоиш шодбош кард ва иброз дошт, ки соҳаи илм ва маориф дар ҳаёти ҳар як кишвар нақши босазо ва муассир дошта, омили муҳимтарини шукуфоии имрӯзу фардои мамлакат мебошад. Замони мо, ки ба он тараққию пешрафти босуръату бовусъати илму техника хос аст, пайваста боло бурдани сатҳи таълиму тарбияро тақозо дорад. Барои ин, махсусан, омодасозии ҷавонони ояндасози миллат, мутахассисони созгор ба меъёрҳои ҷаҳонӣ омили меҳварӣ маҳсуб ёфта, дар ин самт, Ҳукумати мамлакат мунтазам тадбирҳои мушаххас меандешад. Яке аз тадбирҳои муҳиму калидӣ дар ин самт эълони Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф мебошад, ки солҳои 2020-2040-ро фаро мегирад.

Илова шуд, ки ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи илми тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин, дар донишгоҳ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи илми тоҷик аз санаи 21-уми апрел то санаи 24 -уми апрел конференсияи илмӣ - амалии олимону профессорон ва муҳаққиқони  ҷавон  таҳти унвони «Илм ва инноватсия дар низоми татбиқи ҳадафҳои Стратегияи  миллӣ» ташкилу  баргузор мегардад.

Дар идома  мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода номаи шодбошии раиси вилоятро бахшида ба Рӯзи илми тоҷик қироат кард.

Сипас дар бахши ифтитоҳии конференсияи мазкур як зумра олимону коршиносон ва муҳаққиқони ҷавон- декани факултети баҳисобгирӣ ва андоз Орипов Абдуқаҳҳор дар мавзӯи “Ҳадафҳои  стратегии  миллӣ  –  роҳнамо  барои  рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар”,  дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Якубов Ҷумабой  зери унвони “Омилҳои  таҳкимбахши  давлатдории  миллии  Тоҷикистони соҳибистиқлол”, дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосир Ёдгор Мухсинов дар мазӯи “Нақши  математика  дар  рушди  илмҳои  дақиқ  ва  ҳалли масъалаҳои амалию иқтисодӣ”, муҳаққиқ, мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ Сино Ғафурӣ  зери унвони “Иттилоот  ва  таъсири  он  ба  тафаккури  ҷавонон  дар  замони муосир” ва магистранти курси 1-ум аз рўйи ихтисоси молия ва қарз Нилуфар Қосимова дар мавзӯи “Рушди  бахши  бонкию   қарзии  иқтисодиёт  дар  татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ” маърӯзаҳо ироа намуданд.

Пас аз маърӯзаҳо як зумра кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ дар риштаи илму инноватсия ба гирифтани мақоми ифтихорӣ комёб шудаанд бо Ифтихорномаву Сипоснома ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.

Кори конференсия дар заминаи кафедраҳои донишгоҳ дар давоми 2 рӯз ҷараён мегирад. Дар назар аст зиёда аз 600 мақолаҳои илмии устодон ва муҳаққиқони ҷавон дар бахшҳои конференсия баррасӣ гарданд. Аз ҷумла, дар тамоми бахшҳо олимону омӯзгорон 250 мақола, донишҷуён зиёда аз 300 мақола ва докторантону магистрантон беш аз 50 мақолаи илмӣ омода намуданд, ки мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Натиҷаҳои конференсия санаи 24-уми апрел ба таври тантанавӣ ҷамъбаст мегардад.

Ҳадафи баргузории конференсия дар амал татбиқ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”,  ҳамчунин  татбиқи  ҳадафҳои Стратегияи миллӣ дар самти илм ва инноватсия мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Илм ва инноватсия дар низоми татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллӣ