АЁДАТИ ОИЛАҲОИ МАЪЮБ ВА НИЁЗМАНД

( 0 Овоз )

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода  20 апрели соли равон раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба аёдати оилаҳои маъюб ва ниёзманд рафта, ба онҳо аз номи роҳбарият маводҳои озуқаворӣ тақдим намуд.

Зимни аёдат раиси шаҳри Истаравшан аз вазъи саломатӣ ва шароити зисти эҳтиёҷмандон пурсон гардида, таъкид намуд, ки ғамхорӣ ва дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд ва оилаҳои ниёзманд яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода тайи солҳои охир ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани вазъи зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои судманд амалӣ карда шуда, ин қишри ҷомеа аз иқдому ташаббусҳои хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша баҳравар мебошанд.

Аёдатшудагон аз ин амали некбинона изҳори хушнудӣ намуда, барои таваҷҷӯҳ ва ғамҳориҳои доимӣ миннатдории самимии хешро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share