Хабарҳо
Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд - 18.05.2021 16:34
Миёни КВД «Садаф», Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд - 18.05.2021 16:27
Оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла - 18.05.2021 09:30
Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид - 17.05.2021 12:28
Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад - 17.05.2021 11:28
Ҳамоиши адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷойгоҳи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ" доир шуд - 17.05.2021 11:29
Дар Душанбе Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид - 17.05.2021 11:25
Баргузории Дави миллӣ дар Суғд - 16.05.2021 11:10
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 15.05.2021 11:17
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44

ДДХ: НАТИҶАГИРӢ АЗ КОНФЕРЕНСИЯҲОИ ИЛМӢ

( 1 Овоз )

21-уми апрел, дар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастии конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон, магистрантону донишҷӯён бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва техникӣ”, 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва Рӯзи илми тоҷик баргузор гашт.

Дар ибтидо табрикоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи илми тоҷик мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ба самъи иштирокчиёни чорабинӣ расонид.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода сухан карда, гуфт, ки ҳоло дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 874 омўзгор, аз ҷумла 54 нафар ё 6,2% доктори илм, профессор ва 409 нафар ё 46,7% номзади илм, дотсент фаъолият менамоянд, ки маҷмуъан, 52,9%-и теъдоди умумии омўзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд. Имрӯз дар ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ 201 нафар ё 23% омӯзорони ҷавони то 35 сола фаъолият доранд, ки 53 нафар ё 6,6%-и онҳоро ҷавонони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд,  ки дар маҷмуъ, соли 2020 ва семоҳаи якуми соли 2021 дар донишгоҳ 3 рисолаи докторӣ ва 48 рисолаи номзадӣ бо муваффақият ба дифоъ расиданд. Ҳоло устодон бо 2 рисолаи докторӣ ва 10 рисолаи номзадии дигар ба дифоъ роҳ ёфтаанд, ки ин аз сатҳи омода намудани мутахассисони соҳибунвон ва хидматҳои бузурги олимони донишгоҳамон шаҳодат медиҳад.

Дар донишгоҳ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва Ҳафтаи илм 24 мизи мудаввар, 28 конференсия, 2 конференсияи онлайнӣ, 45 маҳфили илмӣ, 43 семинари илмӣ-назариявӣ, 37 озмун ва чорабиниҳои дигари илмӣ ташкил ва гузаронида шуд. Танҳо дар конференсияҳои донишгоҳӣ 1 754 маърӯзаи илмӣ дар бахшҳои гуногун ироа гардиданд. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки имрўз ба рушди илмҳои муосир тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Дар чорабинии мазкур, як қатор устодон, олимони ҷавон, докторантон, магистрантону донишҷӯён баҳри дастовардҳои илмӣ-тадқиқотӣ, натиҷаҳои шоён дар озмуну олимпиадаҳо, ҳамчунин, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидан ва ҷамъбаст намудани конференсияи анъанавӣ қадр гардиданд.

Дар идома барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ манзур гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд ДДХ: НАТИҶАГИРӢ АЗ КОНФЕРЕНСИЯҲОИ ИЛМӢ