Хабарҳо
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ анҷом доданд - 14.05.2021 10:23
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд - 12.05.2021 19:13
Ба 316 нафар аробачаҳои маъюбӣ супорида шуд - 12.05.2021 11:58
Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди саиди Фитр табрик намуд - 13.05.2021 10:31
Кӯмаки мардуми Мастчоҳ ба сокинони зарардидаи Исфара - 12.05.2021 10:49
Раҷаббой Аҳмадзода Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Абдушукур Назаровро бо рўзи милодаш табрик гуфт - 12.05.2021 09:54
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр - 12.05.2021 09:13
Дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон - 12.05.2021 09:10
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд - 12.05.2021 09:05

Хуҷанд: Даври шаҳрии озмуни «Турсунзодахонӣ» ғолибонашро дарёфт

( 0 Овоз )

Дар МТМУ №12-и шаҳри Хуҷанд байни мактабиёни макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ даври шаҳрии озмуни «Турсунзодахонӣ» баргузор гардид.

Дар озмун беш аз 70 нафар ғолибони даври мактабӣ аз тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, бо ҳам рақобат намуданд.

Таъкид гардид, ки озмуни «Турсунзодахонӣ» ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ба хотири ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ба адабиёт, шеъру шоирӣ, бедор намудани ҳисси эҷодкорӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, бой гардонидани захираи луғавӣ, тарғиби ғояҳои ватандўстона ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносии миллӣ баргузор мегардад.

Тибқи талаботи Низомномаи озмун он аз рўйи ду номина: то 13 сола ва аз 13 сола то 18 сола сурат гирифта, ба ифоданок ҳифз намудани ғазал аз эҷодиёти Мирзо Турсунзода ва маънидод намудани луғатҳои душворфаҳми ашъори шоир баҳо дода мешавад. Барои хонандагони то 13 сола ҳифзи 50 ғазал ва аз 13 сола боло 100 ғазал муайян гардидааст.

Аъзои ҳакамон дониши довталабони даври шаҳрии озмуни «Турсунзодахонӣ»-ро санҷида, ғолибонро муайян намуданд.

Ҳамин тавр, дар номинаи то 13 сола хонандаи МТМУ №21 Азизҷон Дўсталиев мақоми аввалро ба даст оварда, ҷойҳои дуюмро Бибимайрам Шарипова (МТМУ №2) ва Мавлуда Комилҷонова (МТМУ №15) соҳиб гардиданд. Ба мақомҳои сеюм Фархунда Ёдгорӣ (Мактаб барои хонандагони болаёқат) ва Омина Давлатзода (МТМУ №8) соҳиб гардиданд.

Гулдаста Дўсталиева муҳассили  МТМУ №21 дар номинаи аз 13 сола боло ҷойи аввалро ишғол намуд. Муқаддас Собирова (МТМУ №12), София Обидова (МТМУ №3) мақоми дуюм, Мадина Мирзошехова (МТМУ №25) ва Муслима Ҷабборова (литсейи физикӣ-математикии №1) ҷойҳои сеюмро ба даст оварданд. Ба ғолибон дипломҳои озмуни «Турсунзодахонӣ» тақдим карда шуд.

Ғолибони мақомҳои аввал ба даври вилоятии озмуни «Турсунзодахонӣ» роҳхат гирифтанд ва маҳорати хешро дар сатҳи дигари озмун месанҷанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд: Даври шаҳрии озмуни «Турсунзодахонӣ» ғолибонашро дарёфт