Хабарҳо
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ анҷом доданд - 14.05.2021 10:23
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд - 12.05.2021 19:13
Ба 316 нафар аробачаҳои маъюбӣ супорида шуд - 12.05.2021 11:58
Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди саиди Фитр табрик намуд - 13.05.2021 10:31
Кӯмаки мардуми Мастчоҳ ба сокинони зарардидаи Исфара - 12.05.2021 10:49
Раҷаббой Аҳмадзода Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Абдушукур Назаровро бо рўзи милодаш табрик гуфт - 12.05.2021 09:54
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр - 12.05.2021 09:13
Дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон - 12.05.2021 09:10
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд - 12.05.2021 09:05

Суғд дар Озмуни ҷумҳуриявии "Сайри гули лола" "Вилояти беҳтарин" дониста шуд

( 1 Овоз )

12 апрел дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии  шаҳри Душанбе  даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» ва маросими ҷоизасупорӣ ба  ғолибон баргузор гардид.

Дар ин озмун шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Дар номинаи «Боғи беҳтарин» — Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе, «Гулгашти беҳтарин» — гулгашти назди Сирки давлатӣ, «Вилояти беҳтарин» -вилояти Суғд ва «Гулпарвари беҳтарин» — Гулнигор Ғафурова, корманди Муассисаи давлатии Боғи Ғалаба ҷои аввалро соҳиб гардиданд.

Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола»  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини якуми роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, намояндагони расмии шаҳри Душанбе,  вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, гулпарварон аз гӯшаву канори мамлакат ва сокинону меҳмонон иштирок намуданд.

Дар ин рӯз аз ҷониби намояндагони шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни гулу буттаҳои ороишӣ, гули лола, намоиши  либосҳои рангоранги миллӣ, анвои хӯрокҳои миллӣ, намоиши беназири анвои нонҳои тоҷикӣ, ороишоти рангину ҳунармандонаи дастони модарони тоҷик пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуданд.

Тавре  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз намуд,  «Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, он ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст».

Мавсуф иброз намуд, ки «баргузории озмун эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба тамоми зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони шаҳр ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Гули лола рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат мебошад. Парвариши лолаҳои дилрабою гуногунранг дар тамоми гӯшаҳои мамлакат падидаи беназир ва бесобиқаест, ки ба чашм нуру ба дил фараҳ мебахшад. Асосан гули лола  ва Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» баёнгари  ватани наврӯзии тоҷикон буда, як рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум маҳсуб мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд дар Озмуни ҷумҳуриявии "Сайри гули лола" "Вилояти беҳтарин" дониста шуд