Як гуруҳ кормандони Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд» бо роҳбари директори муассиса Ҳоҷизода Насимҷон Шарифӣ якҷо бо роҳбарони хоҷагии ҷангалии навоҳии вилоят аз Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара боздид намуда, бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар ҷамоати мазкур шинос гардиданд.
Тавре ҳангоми боздид иттилоъ дода шуд, бо дастуру роҳанмоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷамоати деҳоти Ворух таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ҳудуди ҷамоат корҳои ободонӣ вусъат ёфта истодааст. Аз ҷумла, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ворух бунёду навсозии беш аз 40 иншооти муҳими иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, бо маблағгузории Хукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва саҳми соҳибкорону саховатмандон то имрӯз зиёда аз 30 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Таъкид карда шуд, ки Ворух аз минтақаҳои таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик буда, мардуми он тӯли ҳазорсолаҳо барои рушду пешрафти Ватан хизматҳои шоиста анҷом додаанд. Тибқи шаҳодати сарчашмаҳои таърихӣ Ворух дар аҳди Сомониён дар тобеияти ин давлати миллии тоҷикон буда, имрӯз як пораи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаст. Давлату Ҳукумат минбаъд низ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ин ҷамоат тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, барои баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми он аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд