Дар шаҳри Гулистон маросими гусели даъватшавандагон баргузор гардид

( 0 Овоз )

Дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳри Гулистон маросими ботантана гуселонидани даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода даъватшавандагонро ба ин муносибат таҳният намуд. Зикр карда шуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқӯъ пайваст.

-Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Боиси ифтихормандӣ аст, ки  мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд, — таъкид шуд дар ҷамъомад.

Дар интиҳо аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанг барномаи консертӣ манзури иштирокчиён гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share