Хабарҳо
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 - 20.04.2021 18:12
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - 20.04.2021 14:03
“САД РАНГИ ЧАКАН”. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти ин унвон даври шаҳрии Фестивал озмуни мазкур баргузор гардид - 20.04.2021 13:59
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07
Хуҷанд: Нони бепул дар ярмарка ташкил карда шуд - 17.04.2021 14:34
Раиси вилоят ба аёдати Эргашой Умароваи 100 сола рафт - 16.04.2021 12:00
Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Спитамен - 16.04.2021 11:41

Панҷакент. Гуруҳи нахустини даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд

( 0 Овоз )

1 апрели соли равон дар шаҳри Панҷакент маросими гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Гусели даъватшавандагон бо роҳпаймоии ҷавонони фаъоли шаҳру деҳоти Панҷакент оғоз ёфта,  сипас дар толори "Кохи Лоиқ" ба ин муносибат ҷамъомаи тантанавӣ доир гардид. Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни суҳбат бо даъватшавандагон иброз дошт, ки «падару модарон ва  кулли сокинони барӯманди шаҳру деҳоти Панҷакент аз ҳар яки шумо ҷавонони шуҷоъи Ватан дар роҳи ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азиз, хизмати содиқона ва интизоми намунавӣ, ахлоқу одоби баланд, ҷасорату корнамоиҳоро интизор мебошанд. Шумо ба ин боварӣ сазовор ҳоҳед шуд ва дар ин роҳи пуршараф Ҳукумати мамлакат пайваста дастгиру мададгори шумо хоҳад буд».

Иттилоъ дода шуд, ки 75 нафар ҷавонон ба таври ройгон мактаби ронандагиро бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хатм намуда, дорои шаҳодатномаи ронандагӣ гардиданд.

Дар рафти чорабинии тантанавӣ аз ҷониби раиси шаҳри Панҷакент ба як қатор фаъолони шаҳру деҳоти Панҷакент Сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ба даъватшавандагон шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карда шуд.

Даъватшавандагон миннатдории хешро барои чунин чорабинии бошукуҳ ва қадрдонӣ изҳор  намуда, қавл доданд, ки бо сари баланд хизмати Модар -  Ватанро адо менамоянд.

Дар охир барои даъватшавандагон дастурхони идона ороста шуда, ҷавонон ба хизмат гусел карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Панҷакент. Гуруҳи нахустини даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд