Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ, дарёфти истеъдодҳои нав, ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии насли наврас, рушди малака ва қобилияти зеҳнии кӯдакон таи 3 сол аст, ки бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар давраи таътили зимистона озмуни вилоятии "Китобхони беҳтарин" ташкил ва баргузор мегардад.
Дар идомаи ин иқдоми наҷиб ҳафтаи ҷорӣ низ дар озмоишгоҳи инноватсионии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд бо иштироки 63 нафар довталаб аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд озмуни вилоятии "Китобхони беҳтарин" ташкил ва баргузор гардид.
Озмуни мазкур тибқи низомнома дар ду категорияи синну соли кӯдакони то 14 сола ва наврасони аз 14 сола боло ташкил карда шуда, ғолибон муайян гардиданд. Дар категорияи кӯдакони то 14 сола ҷойи аввалро Фаридаи Мирмуҳаммад - хонандаи синфи 5 аз шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуюмро Фарҳодзода Сумайя - хонандаи синфи 6 аз шаҳри Хуҷанд ва ҷойи сеюмро Хушноза Абдунабизода - хонандаи синфи 5 аз ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиб шуданд.
Дар категорияи наврасони аз 14 сола боло бошад ғолибият насиби Мадинаи Ғиёсиддин - хонандаи синфи 9 аз шаҳри Истиқлол, Вайдуллоева Адиба - хонандаи синфи 9 аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Фаттоева Шарифамоҳ - хонандаи синфи 9 аз ноҳияи Спитамен шуд.
Иштирокчиёни озмун бо Ифтихорномаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд қадршиносӣ карда шуда, ба ғолибон Дипломи ифтихории Раёсати маорифи вилоят ва китобҳои тозанашр эҳдо гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд