Дар соли 2020 ҳаҷми маҳсулоти моҳидорӣ 17,5 млн. сомониро ташкил кард, ки ин нисбат ба соли 2019-ум 2,3 баробар зиёд аст. Дар ин бора аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ дар соли 2020 дар хоҷагиҳои моҳидории вилоят сайди моҳӣ 869,7 тоннаро ташкил намуд. Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ намудҳои моҳии пешонағафсӣ сафед – 35,1 фоиз, зағорамоҳӣ – 25,2 фоиз, амури сафед – 23,9 фоиз, суфмоҳӣ – 4,3 фоиз ва дигар намуди моҳиҳо – 11,4 фоизро ташкил намудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд