Хабарҳо
Хуҷанд: Беш аз 80 бех ниҳолҳои нодири ороишӣ дар гулгашти назди меҳмонхонаи “Эҳсон" шинонида шуданд - 24.01.2021 12:35
Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода - 22.01.2021 16:24
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд - 22.01.2021 13:50
Ифтитоҳи Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон - 22.01.2021 12:49
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии факултети иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд - 22.01.2021 12:47
"Худомӯзи саводи расонаӣ" — шакли электронии ин китоби омӯзишӣ дастраси хонандагон гардид - 22.01.2021 12:38
Шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии “Шаҳристон” - 20.01.2021 13:14
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни васлу насби таҷҳизот дар корхонаи коркарди ғаллаи ҶДММ “Хубҷамъ” - 21.01.2021 16:23
Дар Истаравшан майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бунёд мешавад - 20.01.2021 10:43
Боздиди Раиси вилоят аз намоиши асарҳои ҳунарманду наққош ва рассоми номӣ Зиёвиддин Мирзоев - 21.01.2021 15:52

Дар Исфара якчанд оилаи ниёзманд ва маъюбро бо як миқдор ангишт ва ҳезум таъмин намуданд

( 0 Овоз )

Бо кумак ва дастгириҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар ҳамбастагӣ бо вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳр Абдумумин Ҳалимов, Савриддин Раҷабов, Суруридин Зиёваддинзода, Мирзомаруф Бобоев ҷиҳати сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ба якчанд оилаҳои ниёзманд ва маъюб як миқдор ангишт ва ҳезум тақдим карда шуд.

Тавре аз маркази матбуоти раиси шаҳри Исфара иттилоъ доданд, имрӯзҳо дар шаҳри Исфара  29 адад нуқтаҳои фурӯши гази моеъ, 24 адад нуқтаҳои доимии фурӯши  ангишт талаботи аҳолиро ба таври зарурӣ  таъмин менамоянд.  Дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Ангишт»-и шаҳраки Шӯроб бо дарки амиқи вазъи баамаломада ва афзоиши талабот соли 2020 истихроҷи ангиштро ба таври назаррас афзоиш доданд.

Зимни суҳбат бо сокинон аён мегардад, ки ғолибан онҳо аз муҳтавои Муроҷиатномаи ширкати «Барқи Тоҷик» огаҳӣ доранд ва омилҳои мушкилоти кунуниро дуруст дарк мекунанд. Аз ин рӯ сокинон тасмим гирифтаанд, ки барқро асосан барои рӯшноӣ истифода бурда, дар омода намудани таом ва гармкунии иқоматгоҳашон аз ангишту ҳезум ва газ истифода баранд. Сокинон боварӣ доранд, ки мушкилоти имрӯза муваққатӣ буда, сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани ҳар киловатт-соати барқ ҳам ба манфиати онҳо ва ҳам ҷамъияту давлат аст.

Дар шаҳри Исфара бо иқдоми роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ҷиҳати баландбардории масъулияти шаҳрвандӣ ва маданияти истифодаи неруи барқ мунтазам дар корхонаю ташкилот, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, савдову хизматрасонӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Гурӯҳҳои корӣ таваҷҷуҳи шаҳрвандонро ба масъалаҳои сари вақт пардохт намудани  маблағи истифодаи қувваи барқ, истифодаи оқилонаву самараноки он ва афзалияти корбаст аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ равона месозанд.

Инчунин вобаста ба вазъи дар соҳаи энергетика ба миён омада диққати ҳозирин ба мавзӯи истифода аз намудҳои дигари сӯзишворӣ, аз қабили ангишту ҳезум ва гази моеъ низ ҷалб карда мешавад. Ҳарчанд ки дар шаҳри Исфара раванди омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон хеле барвақт роҳандозӣ шуда буд, вале муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” дар робита бо истифодаи сарфакорона ва оқилонаи неруи барқ аз роҳбарони шаҳр ва мақомоти марбута тақозо намуд, ки дар ин самт боз ҳам тадбирҳои фавриву иловагӣ андешида шаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Исфара якчанд оилаи ниёзманд ва маъюбро бо як миқдор ангишт ва ҳезум таъмин намуданд