5 январи соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода бо интихобкунандагон доир гардид.
Дар вохӯрӣ Рустам Раҳматзода нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ дода, перомуни дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуд. Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.
Вакили Маҷлиси намояндагон ҳамзамон доир ба сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, истифодаи самарноки замин, пешгирии бемориҳои сироятӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаҳои худро баён дошт. Чунин як вохӯрӣ дар тарабхонаи "Висол"-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз низ доир шуд. Дар вохӯрӣ зиёда аз 220 нафар интихобкунандагон ширкат варзида, ба саволҳои худ аз вакили Маҷлиси намояндагон посух гирифтанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд