Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Мулоқотро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва ҳадафи баргузории чорабиниро баён намуд.
Ў аз чумла изҳор дошт, ки мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 9 январи соли 2021 мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон сурат мегирад. Тибқи ин дастур, вакилони мардумӣ ба назди интихобкунандагони худ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят Суғд сафар намуда, доир ба масъалаҳои рӯзмарраи мардум бо онҳо дидору гуфтугӯи корӣ анҷом медиҳанд.
Минбаъд Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода ва Мансур Усмонов нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шаҳру тавзеҳ дода, вобаста ба масоили сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, вусъат додани корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карданд.
Вакилони мардумӣ бо таҳлили вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ пешниҳодоти судманд иброз намуданд.
Ҳамзамон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода ва Мансур Усмонов бо суолҳои интихобкунандагон ҷавоб гуфтанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд