Хабарҳо
Хуҷанд: Беш аз 80 бех ниҳолҳои нодири ороишӣ дар гулгашти назди меҳмонхонаи “Эҳсон" шинонида шуданд - 24.01.2021 12:35
Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода - 22.01.2021 16:24
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд - 22.01.2021 13:50
Ифтитоҳи Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон - 22.01.2021 12:49
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии факултети иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд - 22.01.2021 12:47
"Худомӯзи саводи расонаӣ" — шакли электронии ин китоби омӯзишӣ дастраси хонандагон гардид - 22.01.2021 12:38
Шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии “Шаҳристон” - 20.01.2021 13:14
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни васлу насби таҷҳизот дар корхонаи коркарди ғаллаи ҶДММ “Хубҷамъ” - 21.01.2021 16:23
Дар Истаравшан майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бунёд мешавад - 20.01.2021 10:43
Боздиди Раиси вилоят аз намоиши асарҳои ҳунарманду наққош ва рассоми номӣ Зиёвиддин Мирзоев - 21.01.2021 15:52

Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Умаров бо табибони шаҳри Истаравшан

( 0 Овоз )

5 январ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Умаров бо табибону кормандони соҳаи тибби шаҳри Истаравшан мулоқот намуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, дар мулоқот муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода, роҳбарияти Беморхонаи марказии шаҳр, табибон ва кормандони соҳаи тиб иштирок намуданд.

Зимни мулоқот вакили Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Умаров нахуст миннатдории хешро барои заҳматҳои шабонарӯзӣ ва фаъолияти содиқона ба табибон изҳор дошта, сипас роҷеъ ба андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар самти пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ибрози андеша намуд.

Инчунин, мавсуф оид ба фаъолияти вакилӣ маълумот дода, вобаста ба вазъи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби бештари сармоя, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат ва баррасии саривақтии муроҷиати интихобкунандагон муфассал маълумот дод.

Бояд қайд намуд, ки 4 январ низ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мулоқоти вакилон бо фаъолони шаҳр доир гардида буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Умаров бо табибони шаҳри Истаравшан