Хабарҳо
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дар ноҳияи Мастчоҳ - 23.11.2020 16:29
Раҷаббой Аҳмадзода: Парчами давлатӣ - баёнгари ҳастии давлат ва рамзи иттиҳоду ҳамдилӣ - 23.11.2020 15:35
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.11.2020 07:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 22.11.2020 14:00
Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд - 20.11.2020 17:26
Ба таваҷҷуҳи олимону журналистон: Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» гузаронида мешавад - 20.11.2020 13:07
Баргузории вохӯриҳои судманд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд - 20.11.2020 09:27
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ аст - 20.11.2020 09:24
Ҷаласаи панҷуми Шўрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид - 20.11.2020 09:22
Таъйиноти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - 19.11.2020 09:08

Шаҳзода Ваҳобзода дар олимпиадаи "Math Challange-2020" соҳиби медали тилло шуд

( 2 Овоз )

Охири моҳи октябри соли 2020 дар кишвари Тайланд олимпиадаи байналмилалии "Math Challange-2020" доир шуд, ки дар он Шаҳзода Ваҳобзода – хонандаи синфи 10-уми Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон низ дар баробари ҳамсолони хеш аз 70 кишвари олам ширкат варзид.

Олимпиадаи байналмилалии "Math Challange-2020" имсол бо сабаби пандемияи коронавирус ба таври фосилавӣ ҷараён гирифт ва 1600 нафар довталаб аз саросари олам аз фанни математика (бо забони англисӣ)  донишу маҳорати хешро нишон доданд.

Шаҳзода Ваҳобзода – хонандаи синфи 10-уми Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бустон дар ин олимпиада соҳиби медали тилло шуд. Ӯ дар оилаи Ваҳобзодаҳо фарзанди дуюм буда, ба фанҳои дақиқ дилбастагии хос дорад. Падараш хизматчии давлатӣ ва модараш духтури кӯдакон аст ва тарбияи дурусти волидону шавқи беандоза нисбати фанҳои дақиқ Шаҳзодаро ба сӯи қуллаҳои дониш раҳнамоӣ мекунад.

Шаҳзода ҳанӯз аз синфҳои поёнӣ дар озмуну олимпиадаҳои гуногуни шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён мегардид. Баъди синфи ҳаштум бошад ба фанҳои дақиқ - математика, химия, биология таваҷҷуҳаш афзун шуд ва бо дастгирии омӯзгоронаш ба таври ҷиддӣ ба илмомӯзӣ машғул гардид. Саъйу талош ва меҳнату заҳмат дар роҳи илмомӯзӣ ҳамеша самараи дилхоҳ доштаву дорад. Ин духтараки чусту чолок ва ба қавли омӯзгораш Муслимахон Маҷидова “зираку ҳушёр ва серталаб” пайиҳам дар озмуну олимпиадаҳо иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо мешуд. Дастовардҳо ҳамеша ӯро руҳбаланд месозад ва боварӣ ба худ Шаҳзодаро водор мекунад, ки дар ҷодаи илмомӯзӣ пешсафу намунаи ҳамсолонаш бошад.

Шаҳзода Ваҳобзода иштирокчии чандин озмуну олимпиадаҳост ва пайваста талош дорад дастовардҳояшро афзун ва номи Тоҷикистони соҳибистиқлолро баланд бардорад. Соли гузашта ӯ дар ХI Олимпиадаи байналмилалии Анталия иштирок дошт ва аз фанҳои химияву биология сазовори ҷойи сеюм ва якум гардид. Шаҳзода бо иштироку ғолибият дар ин озмуни байналмилалӣ на танҳо Парчами Тоҷикистонро баланд бардошт, балки донишу истеъдоди насли навраси тоҷикро ба намоиш гузошт.

-Вақте дар ХI Олимпиадаи байналмилалии Анталия номи ғолибонро эълон карданд, исми ман онҷо набуд. Пас аз чанд лаҳза ғайриинтизор дар се бахш маро ба унвони ҷоизадор ва соҳиби се медал эълон намуданд, ки ин бароям як воқеаи фаромӯшношуданӣ аст ва то имрӯз зери таъсири он қарор дорам, - ба ёд меорад Шаҳзода.

Шаҳзода Ваҳобзода чанд рӯз пеш низ дар “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони вилоят”, ки бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” гузаронида шуд, иштирок карда, дар озмуни “Беҳтарин кори илмӣ-тадқиқотӣ аз бахши биология” сазовори Дипломи дараҷаи якум шуд. Ҳини як суҳбат мавсуф оид ба иштирокаш дар ин озмун ва нақшаву ниятҳои некаш чунин ибрози андеша намуд.

-Ман бо дастгириҳои устоди худ Муслимахон Маҷидова ба озмуни “Беҳтарин кори илмӣ-тадқиқотӣ аз бахши биология” омодагӣ дида, сазовори ҷойи якум шудам ва бо истифода аз фурсат барои муаллимаи азизи худ изҳои ташаккур менамоям. Воқеан ҳам имрӯз барои мо – наврасону ҷавонон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва ин чиз водор менамояд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намоем.   Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” иқдоми сари вақтӣ буда, хонандагонро ба омӯзиши илмҳои дақиқ раҳнамоӣ менамояд, - мегӯяд Шаҳзода Ваҳобзода.

Қаҳрамони мо хуб дарк кардааст, ки хушбахтии фарзанди одам аз беҳтарин сармояи инсонӣ – фазлу дониш сарчашма гирифта, ҳар нафаре, ки соҳибдонишу соҳибмаърифат аст, ҳаёти хуберо соҳиб мешаваду дорои ҷойгоҳи хеш дар ҷомеа мегардад. Ӯ барои донишманд шудан имкониятҳои замони муосирро самаранок истифода бурда, орзу дорад, ки дар оянда чун модари худ - Фотима Ваҳобова духтур шуда, барои мардум хизмат намояд.

Боиси зикр аст, ки имрӯз дар мамлакат барои наврасону ҷавонон шароити мусоиди илмомӯзӣ фароҳам гардида, солҳои охир зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наврасону ҷавонон ба муваффақиятҳои беназир ноил гардида истодаанд. Муҳимтар аз ҳама, бо дидани ҷавононе чун Шаҳзода умед ба фардои дурахшони Ватан дар дили кас шуълавар мегардад ва ин моро итминон мебахшад, ки ояндаи давлату миллат дар дасти насли донишманду худогоҳ ва соҳибкасб аст.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шаҳзода Ваҳобзода дар олимпиадаи "Math Challange-2020" соҳиби медали тилло шуд