Хабарҳо
Хуҷанд. Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат кард - 21.10.2020 10:23
Суғд. То имрӯз 94 ҳазору 262,2 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд - 21.10.2020 08:53
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ва корхонаи “Суғдиён” - 20.10.2020 17:00
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи “Роҳат” дар ноҳияи Спитамен - 20.10.2020 11:47
Исфара. Соҳибкорон Ӯлмасовҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ мактаби замонавӣ бунёд менамоянд - 20.10.2020 09:07
ТАЪСИСИ ШУЪБАИ ТАБОБАТИ НУРӢ: МУСОИДАТ БА БЕҲДОШТИ СОЛИМӢ - 19.10.2020 14:35
ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАҚОБАТПАЗИР – ИҚДОМИ НЕК - 19.10.2020 14:32
Тоҷикистон кофтукови айбдоршаванда дар ҷинояти қаллобиро, ки дар Аврупо пинҳон шудааст, эълон кард - 18.10.2020 14:03
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ-табобатии «Шифобахши Аср»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 17.10.2020 15:40
Ифтитоҳи хатҳои нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар ҶДММ «Сайҳун» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон - 17.10.2020 15:43

СЕКС ДАР БОЛОИ ҶОЙНАМОЗ

( 0 Овоз )

+ 18
Тамошои ин видео барои ононе, ки синашон аз ҳаждаҳ поин аст, қатъиян манъ аст.



ТАШРЕҲИ 1
Муддатҳост, ки чандин забти гуфтугӯҳо ва дасисаҳои фаъолони наҳзатӣ дар дастам аст. Ҳеҷ гоҳ хоҳиши расонаӣ кардани онҳоро надоштам, гарчанде ин тӯдаи бидуни муқаддасот чаҳор сол аст, ки ба рағми ман ҷанг эълон карда буданд. Тамоми дасиса ва найрангҳои шаръию ғайришаръиро истифода карданд. Навъе аз бӯҳтон намондааст, дашноме фаромӯш нашудааст.
Ёд доред, чанд сол аст, ки як ҳақоратномаи манро ин оҷизакон дар шабакаҳо мечархонанд?! Эътироф мекунам: он манам!
Ба ҷуз он ки маро дар шабакаҳо таҳқир мекарданд, ба тамоми телефонҳо ва мессенҷерҳо ҳақоратборон мекарданд.
Он дашноме, ки онҳо аз он ба таври худашон «дурдона» сохтанд чунин таърих дорад. Баъди марги хоҳарам буд. Рӯзи ҳафташ. Нафаре занг зад ва бидуни муқаддима сар кард:
- Хоҳари мурдаатро...дар даруни қабр...
Намепурсам, шумо чӣ мегуфтед, аммо ман тамоми ҳақоратеро ки медонистам, ба забон овардам. Он душманони номард суханҳои худро қайчӣ заданд ва гуфтаҳои маро монтаж карданд.

ТАШРЕҲИ 2
Бештари наҳзатиҳое, ки ба роҳбарашон қаробати наздик доранд, аз «Алломаи даҳкитоба» ва «Устоди дарозақлашон» танҳо мунофиқӣ омӯхтаанд. Дастрасӣ ба мукотибаҳои маҳрамонаи «даҳонкалонҳои» наҳзатӣ, кашфи фейкҳои онҳо беҳтарин далел аст.
Дар мазраъи ом – ҷононаҳо ва «бамаънишка». Дар хилват – як тӯда ташнаи хун. Бо номи худаш – Маҳатма Гонди, дар фейкаш – як гандида. Дар минбар – намоди демукросӣ, дар паси минбар – як диктаторе, ки ҳар кӣ бо ӯ нест, ҳукми қатлаш омода аст. Дар шиор – миллатпараст, дар амал – маҳалбози гузаро. Дар Ғарб – галстуку оби ҷави асл, дар Шарқ – дастору оби ҷави шаръӣ. Ҳазоррангу ҳазоррӯвӯ зишттар аз ҳазорпо.

ТАШРЕҲИ 3
Ин навор намунае аз мунофиқии онон аст. Муносибат ба як бонуе, шояд завҷаи саввум аст ё чаҳорум, ки баъди даҳ соли ҳамболинӣ, ба хотири «осеб нарасонидан ба имиҷи роҳбари муъаззам» ҳатто справка мегирад, ки ҳанӯз бокира аст. Ин бону ба аврупо суроғи шавҳари исломӣ меояд ва огоҳ мешавад, ки маликаи мулки шоҳаншоҳи бе мамлакат дигарест. «Шоҳаншоҳ» якеро барои пинҳонкорӣ (конспиратсия) «дӯст» дигареро, тавба кардам, «хоҳар» муаррифӣ менамояд.
Чӣ хархаша, кашмакаш, низоъ, ғавғоҳо байни «дӯст» ва «хоҳар» шуду гузашт, таҳлилгарону нозирони шабакаҳоро шокӣ карда буд.

ТАШРЕҲИ 4
Роҳбари наҳзатиён бештар аз номи Худову ислом демукросиро бештар ба забон меоварад. Дар ҷомиъаи демукросӣ сиёсатмадор рози магӯ, сири ниҳон надорад. Ҳаёти хусусияш низ пеши мардум бояд рӯшан бошад.

Ҳоло порае аз китоби
«Секс дар рӯи ҷойнамоз»

(Поёни серияи 1.Давом дорад)

Д. А.


https://www.facebook.com/dododjon.atovulloev/videos/3632690803416800/


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд СЕКС ДАР БОЛОИ ҶОЙНАМОЗ