Хабарҳо
Хуҷанд. Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат кард - 21.10.2020 10:23
Суғд. То имрӯз 94 ҳазору 262,2 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд - 21.10.2020 08:53
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ва корхонаи “Суғдиён” - 20.10.2020 17:00
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи “Роҳат” дар ноҳияи Спитамен - 20.10.2020 11:47
Исфара. Соҳибкорон Ӯлмасовҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ мактаби замонавӣ бунёд менамоянд - 20.10.2020 09:07
ТАЪСИСИ ШУЪБАИ ТАБОБАТИ НУРӢ: МУСОИДАТ БА БЕҲДОШТИ СОЛИМӢ - 19.10.2020 14:35
ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАҚОБАТПАЗИР – ИҚДОМИ НЕК - 19.10.2020 14:32
Тоҷикистон кофтукови айбдоршаванда дар ҷинояти қаллобиро, ки дар Аврупо пинҳон шудааст, эълон кард - 18.10.2020 14:03
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ-табобатии «Шифобахши Аср»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 17.10.2020 15:40
Ифтитоҳи хатҳои нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар ҶДММ «Сайҳун» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон - 17.10.2020 15:43

“АЗ СУХАН МАШҲУРИ ОЛАМ ШУД КАМОЛ”. Навиштаи профессор Абдуҷамол Ҳасанзода роҷеъ ба зебоиҳои забонии шеъри Камоли Хуҷандӣ

( 1 Овоз )

Дар тўли таърихи тўлонии вуҷуди худ забони тоҷикӣ аз навниҳоли ба тозагӣ қадафрохта то дараҷаи дарахти азамат рушду нумў ёфта, тадриҷан вориди саҳнаи илму адаб ва тафаккури ақлӣ гардид.

Он дар тайи чанд қарн марҳилаҳои мухталифи такомули маънавӣ ва тақаддусро тай кард ва ниҳоят дар рўзгори Ҳофизу Камол ба авҷи худ расид. Маҳз дар ин даврон (ҳатто пеш аз он) мақоми ин забон то андозае боло рафт, ки аҳли илму адаб онро ҳамчун як забони малакутӣ ва рўҳонӣ талаққӣ мекарданд. Барои ба чунин мақом расидани забони тоҷикӣ шоиру нависандагони асримиёнагӣ хизмати шоистаеро ба ҷо овардаанд. Забони осори Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз бузургтарин шоирони садаи XIV ба шумор меояд, метавонад далели чунин иддао бошад. Номбурда дар радифи аҳли адабе қарор дорад, ки шефтаи лафзи зебост ва онро дар ашъори хеш ба гуна-гуна мақомҳо паҳлугардонӣ кардааст. Ў аз ҷумлаи шоироне маҳсуб меёбад, ки дар кадом маврид ва ба чӣ тариқ ба кор бурдани калимаро басо хуб медонад. Ҳамчунин ў барои побарҷо мондани сиҳатии калом кўшиши бисёр ба харҷ додааст. Дар ашъори ў, мувофиқи мушоҳидаҳои мо, қариб ғазале вуҷуд надорад, ки дар он аз хусуси сухани воло, каломи ба фаҳму зеҳн таъсири ғайриоддӣ расонанда ва гўшнавоз андешаронӣ нашуда бошад. Дар мақтаи аксари ғазалиёташ ў лутфу равонии суханаш, бағоят хуш будани гуфтори ширинаш, аз нақди сухан ҳалво сохтанаш, чун дурри макнун ҳисоб ёфтани латофати гуфтораш, малоҳати алфозаш, ғаробати нотакрори каломаш ва монанди инҳо мулоҳизаронӣ карда, таъкид намудааст, ки лутфи сухан маҳз бо ў хатм ёфтааст. Аз қайду ишораҳои худи шоир маълум мешавад, ки суханони ў борик, ширин ва дилнавоз буда, дар суханофарӣ лутфи илоҳӣ бо ў ёр будааст. Шоир фатҳкунандаи сухан дар Аҷам ба шумор меомадааст. Дар аксари фахрҳои ғазалиёташ Камоли Хуҷандӣ худро «мушкиннафас», «рангинсухан», «гавҳаршинос» муаррифӣ намуда, ғазалҳояшро «шифохонаи дард» баҳогузорӣ мекунад. Маҳз ҳамин таваҷҷўҳи аз андоза беруни Камолро ба лутфи сухан дар назар дошта, Абдурраҳмони Ҷомӣ латофати каломи ўро «саҳли мумтанеънамо» гуфтааст. Садриддин Айнӣ бошад, шоирро «устоди бузурги забон» номидааст.

Тавоноии шоирро дар сухан аз ҳамин нукта ҳам метавон дарк кард, ки ў дар ашъори худ вожаҳоеро мавриди истифода қарор додааст, ки замоне як решаи умумӣ дошта, бо гузашти айём аз ҳам аз лиҳози шакл тафовут пайдо кардаанд ва чун унсурҳои луғавии ҳаммаъно ба кор рафтаанд. Дар робита ба ин масъала бояд афзуд, ки дар таърихи забонҳои эронӣ, ба хусус, тоҷикӣ ҳодисаи аз як вожа «тавлид» гардидани силсилаи калимаҳои нав ҳодисаи маъмулист. Ин ҷо имкони доир намудани баҳс роҷеъ ба кулли чунин вожаҳо нест. Аз ин рў, танҳо бо ёдовар шудани як нукта маҳдуд хоҳем шуд. Маълум аст, ки имрўз дар нутқи шифоҳӣ ва хаттии тоҷикон калимаҳои биринҷ ва гурунҷ мустаъмал аст. Ҳар ду вожа аз ҷиҳати асли бунёд ягона буда, аз вринча-и куҳан пайдо шудаанд. Шабеҳи чунин аносири луғавӣ дар ашъори Камоли Хуҷандӣ низ дучор меоянд. Чунончи, шоир дар чанд маврид калимаҳои муродифии вард ва гулро истифода намудааст, ки ҳар ду аз лиҳози пайдоиш ҳамрешаанд (баъзан вардро аз арабӣ меҳисобанд, ки ғалати маҳз аст). Дар забони ниёгони тоҷикон вожаи варда вуҷуд дошт, ки минбаъд ба мўҷиби тай намудани усули мухталифи таҳаввулот аз он шаклҳои вард ва гул зуҳур намуд. Ин аст, ки ҳар ду воҳиди луғавӣ дар ашъори Камол (дар ашъори пешиниёни ў низ) ҳамчун воҳиди ҳаммаъно ба кор рафтаанд:

Аз дард бинолем чу дармон натавон ёфт,

Бо хор бисозем, агар вард набошад (2, 576).

* * *

Ишқи булбул ба чӣ андоза, ки бар гул бошад,

Шавқи ман бар гули рухсори ту сад чандон бошад(2, 281).

Дар байти охир ба ҷуз вожаҳои мавриди таҳлил калимаи булбул низ истифода шудааст, он бо вард ва гул аз ваҷҳи бунёд ягона аст, яъне варда-и қадим ба ҷуз шакли гул боз ба бул низ табдил ёфтааст. Ба таври дигар, аз гунаи такрори варда (яъне, варда-варда) шакли булбул ба вуҷуд омадааст (бул-и аввал ба маънои «гул» буда, бул-и дуюм маънои «гардиш»-ро дорад ва маънои таҳтуллафзии он «гулгард» аст).

Баъзеи чунин луғоти куҳан минбаъд дар алоҳидагӣ истифода нагардидаанд ва фақат дар таркиби вожаҳои муайян ҳамчун овози муқаррарии таркиби онҳо боқӣ мондаанд. Дар садаҳои пешазмелодӣ ва қарнҳои нахустини мелодӣ ду калимаи аз ваҷҳи маъно ба ҳам мухолиф: ҳу (ба маънои «хуб, нек») ва душ (ба маънои «бад») вуҷуд доштанд. Дар «Авесто» се ибора: фрайо ҳумат (дорандаи пиндори нек), фрайо ҳухт (дорандаи гуфтори нек) ва фрайо ҳуваршт (дорандаи кирдори нек) дучор меоянд. Дар ҷузъи дуюми ҳар се ибора воҳиди луғавии ҳу ба ҳамон маънои зикрёфта ба назар мерасад. Минбаъд ин калима дар алоҳидагӣ мустаъмал нашуд, вале бо гунаҳои ҳу ё ху дар таркиби баъзе аз аносири луғавӣ маҳфуз монд. Масалан, дар байти зерини Камоли Хуҷандӣ вожаи ҳуҷиста (ба маънои «хуш, хуб ва муборак») омадааст:

Зиҳӣ ҳуҷиста замоневу вақти маймуне,

Ки аз ту муждаи васле ба гўши ҷон бирасад(2, 451).

Дар луғатномаҳо гунаи ҳуҷаста низ ба қайд омадааст. Гунаҳои тазаккурёфтаи корбурди ин вожаро метавон чунин маънидод кард, ки вожаи ҳу чанд муддат ба шакли ибтидоӣ гардиш дошта, баъдан ба сурати ху даромадааст (ҳоло дар таркиби вожаҳои ҳулба, ки дар асл ҳубўй аст ва хуб, ки ибтидоияш ҳуараҳ мебошад, инчунин, Хуҷанд, ки бунёдаш Ҳуканд аст, ҳар ду шакл побарҷо мондаанд).

Воҳиди луғавии душ бошад, пас аз чанд муддат ба се шакл: душ (дар таркиби вожаи душман: Ки дили душман аз ин ғусса кабоб аст имшаб-2, 66; душвор: З-он ки дар мавсими гул тавба зи май душвор аст-2, 271), даш (дашном: Бар рухат он дуову дашном аст) ва дўз (дўзах: Ки дўзах аз ин шўъла хокистарест-2, 173) мавриди истифода қарор гирифт.

Ба ин тариқ, дар ашъори шоир корбурди вожаҳои ба истилоҳ «сайёр» бисёр дучор меоянд. Яке аз чунин аносири луғавӣ ибриқ аст:

Он кӣ дар савмаа мерафт ба ибриқи вузу,

Аз дари майкада инак ба сабў меояд (2, 312) .

Ибриқ шакли арабишудаи калимаи обрез-и тоҷикӣ буда, ба ҷуз дар забони арабӣ гардиш доштанаш инчунин дар забонҳои сурёнӣ (abriqa), франсавӣ (broc), итолиёӣ (brocca), немисӣ (вrug) ба гунаҳои ба худ хос ба назар мерасад (ибриқ дар қатори 30 вожаи дигари тоҷикиасл дар Қуръон омадааст). Бархе аз чунин вожаҳо имрўз дар беш аз бист забони дунё гардиш доранд, ки калимаи юнониасли наргис аз ҷумлаи онҳост:

Ба аҳди қоматат барканда бод он чашми кўтаҳбин,

Ки чун наргис назар бар сарву бар шамшод медорад(2, 447).

Унсури луғавии мазкур ҳоло дар забонҳои булғорӣ, чехӣ, датӣ, немисӣ, испанӣ, франсавӣ, итолиёӣ, венгерӣ, голландӣ, норвегӣ, полякӣ, руминӣ, русӣ, словакӣ, сербохорватӣ, финӣ, шведӣ ба таври вусъатнок ба кор меравад.

Як вежагии ашъори шоирро истифодаи вожаҳои аз нигоҳи овозӣ ба табиати забони тоҷикӣ бегона ташкил медиҳанд. Ин ҷо маҷоли доир ба кулли чунин унсурҳои луғавӣ изҳори назар намудан, ҳатто ном бурдани онҳо нест. Танҳо се феъл: рондан, гунҷидан, ғалтиданро метавон ишора кард, ки бо сабаби доштани вежагиҳои овозии алоҳида мансуб ба яке аз забонҳои шимолӣ – ғарбии эронӣ – портӣ ҳастанд:

Маро зи пеш бирондӣ, ҷафо ҳамин бошад,

Ниҳояти ситам, эй бевафо, ҳамин бошад.(2, 477)

* * *

Таманнои ту мегунҷад даруни синаву дил бас,

Дар ин ғамхонаҳо дигар ғами дигар намегунҷад.(2, 369)

* * *

Рўзи васл аз ҳаваси он ки дар он по ғалтад,

Дидаҳоро, аҷаб, ар фурсати наззора шавад.(2, 524)

Чунин вожаҳоро, амсоли рондан танҳо чанд дафъа дар баъзе осори даврони Сосониён, чун «Дарахти асурик ва буз» метавон дучор шуд, баъдтар дар асрҳои миёна то андозае густариш пайдо намуданд, вале боз доираи корбасташон маҳдуд гардида, фақат дар чанд шеваю лаҳҷаҳо маҳфуз мондаанд.

Камоли Хуҷандӣ чанде аз чунин вожаҳоро ба маъное истифода намудааст, ки имрўз дар забони адабии тоҷикӣ маъмул нестанд, вале дар байни мардум ба ҳамон яке аз маъноҳои бостонияшон ба таври фаъол ба кор мераванд. Ба силсилаи онҳо метавон феълҳои баровардан (ба маънои «сохтан, бунёд кардан» ва м. инҳо: Мўҳтасиб, гў, дари масҷид ба гил имрўз барор-2, 341), расидан (ба маънои «пухтан, омода шудан»: Кишти худ норасида медаравед-2, 441), ҷўшидан (ба маънои «зиёд гаштан»: Гар на ширинест, ин ҷо ин ҳама мўр аз чӣ ҷўшад-2, 434) ва ғайраҳоро мансуб донист.

Афзунии чунин унсурҳоро аз он ҳам метавон пай бурд, ки онҳо амсоли чакидан гирифтан (Хун аз дили кабоб чакидан гирифтааст-2, 103), бас кардан / накардан (Ҳаргиз ин аз ситаму он зи ҷафо бас накунад-2, 289), ҷанг андохтан (Худро ба мани бесарупо ҷанг маяндоз-2, 564) дар сар то пои бархе аз ғазалиёти шоир ба кор рафтаанд. Фаровонии теъдоди чунин вожаҳо ва ибороти собити шифоҳиву шевагӣ ба он иртибот дорад, ки шоир дар байни мардум зиндагиву эҷод мекард. Ин аст, ки чунин воҳидҳои забонӣ, ба хусус ифодаву ибораҳои рехтаро басо устокорона, огоҳона ва мавридшиносона истифода намудааст. Ин ҷо аз назари таҳлил гузаронидани ҳамаи онҳо аз имкон берун аст. Ҳамчун мушт намунаи хирвор чанде аз чунин аносири луғавиро метавон ёдрас шуд: ақлро дуздидан (Холи рухат зи банда дуздид ақлу дил-2, 42), ба як дидан (Нимкушта Шудам ба як дидан-2, 97), ном баровардан (Номи дарёдилӣ баровардӣ-2, 165), бў шунидан (Аз сабо нашнид бўе аз туву ранге надид-2, 423), дар даҳан омадан (То васфи лаби лаъли туаш дар даҳан омад-2, 355), тарафи касеро гирифтан (Тарафи ошиқи худ гир, ки то муддаиён…-2, 370) ва м. инҳо. Бархе аз чунин воҳидҳои фразеологӣ дар ифодаи мафҳумҳои муайян бо ҳам хусусияти муродифӣ зоҳир кардаанд. Дар робита ба ин нукта бояд афзуд, ки дар осори асримиёнагӣ дар ифодаи баъзе чунин мафҳумҳо, мисли фавтидан ба андозаи беш аз 1280 унсури ҳаммаъно ба кор рафтаанд. Дар ин хусус ашъори Камоли Хуҷандӣ низ истисно нест. Масалан, ў унсури фавқро ба даҳ усул баён кардааст.

Як вежагии боризи забони ашъори шоир дар он зоҳир мегардад, ки ў аз қолабҳои гуногуни ифодаи матлаб бо камоли маҳорат мавриди истифода қарор додааст. Худи Камол, ба таъбири худаш, муқобили ашхоси «қолабигўй» буданашро таъкид менамояд. Аз ҷониби шоир корбурди фаровони қолабҳои мухталифи сарфию наҳвиро ҳам дар доираи калимасозӣ, ҳам ибораороӣ ва ҳам таркибсозӣ метавон ба мушоҳида гирифт. Чунончи, ў мафҳуми «шумурдан, ҳисоб кардан»-ро маротибае бо калимаи шумардан, вале дар мавриди дигар бо феъли таркибии номии шумор кардан ифода намудааст:

Ҳамин ки номи гадоёни ў кунед шумор,

Маро нахуст гадои камини ў шумаред.(2, 334)

Ба пиндори инҷониб, ба таври густарда баррасӣ намудани чунин вежагиҳои забони шоир сўҳбати алоҳидаро тақозо мекунад. Гумон дорем, ки дар оянда забоншиносон таваҷҷўҳи бештари худро ба баррасии хусусиятҳои вожашиносиву сарфию наҳвӣ ва услубии ашъори ин суханвари мумтози тоҷик равона хоҳанд кард.

Ҳасанзода Абдуҷамол

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд “АЗ СУХАН МАШҲУРИ ОЛАМ ШУД КАМОЛ”. Навиштаи профессор Абдуҷамол Ҳасанзода роҷеъ ба зебоиҳои забонии шеъри Камоли Хуҷандӣ