Хабарҳо
«Хиёнат»: Фоҷиаи инсоният - 07.08.2020 19:06
Ташкилоти ғайритиҷоратии «Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилояти Суғд» таъсис ёфт - 07.08.2020 14:29
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Суғд-Текстайл» - 07.08.2020 14:23
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба рӯзи касбии сохтмончиён - 07.08.2020 11:08
Мулоқоти сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бо занони шаҳри Исфара - 07.08.2020 08:35
Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд - 06.08.2020 12:47
Border Troops Reports About Border Incident - 06.08.2020 11:06
Изҳороти Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон - 06.08.2020 09:47
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон боздид ба амал оварданд - 06.08.2020 08:57
COVID-19. Масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи имрӯзаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баррасӣ гардид - 06.08.2020 08:50

Бӯстон. Баргузории ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус

( 0 Овоз )

23-юми июли соли 2020 таҳти раёсати раиси шаҳри Бӯстон, раиси ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ ва интиқоли бемории сироятии нави коронавирус COVID-19 Раъно Ҳошимзода ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19 доир гардид.

Нахуст роҳбари шаҳр оид ба тадбирҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар самти пешгирӣ ва интиқоли бемории сироятии нави коронавирус COVID-19 ибрози назар намуд.

Гуфта шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бўстон баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, №АП-1365, баҳри амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тадбирҳо андешида, дар ин самт нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шудааст.

Вобаста ба масъалаҳои ба табобат ва солимгардонӣ дар беморхонаи шаҳрӣ фаро гирифтани беморони илтиҳоби шадиди шуш, роҳи нафас ва дигар чораҳо муовини сартабиби беморхонаи шаҳрӣ Абдуҷалил Мирхолиқов ва оид ба масъалаҳои гаштугузори хонагӣ аз ҷониби табибони оилавӣ, табобат дар хона ва дигар омилҳо роҳбари муассисаи давлатии Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ Абдуазиз Ҷалилов ҳисобот доданд.

Раиси шаҳр ҷиҳати вусъати корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, корҳои безараргардониву риояи тавсияи табибон, қоидаҳои беҳдоштӣ, захираи маводҳои озуқаворӣ ба аъзои ситод ва масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сипас, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон генерал-майор Муҳаммадшоҳ Искандарзода вобаста ба риояи тағйиру иловаҳои воридшуда ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қатъии тавсияи табибон ва қоидаҳои беҳдоштӣ аз масъулин даъват ба амал овард.

Ёдовар мешавем, ки дар кори ситод роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, аъзоёни ситоди шаҳрӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони маҳаллаҳо ва фаъолон ширкат намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бӯстон. Баргузории ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус