Хабарҳо
Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 04.08.2020 14:26
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29

САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР – ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ. ҶДММ «ҶАВОНӢ»​ маҳсулоти худро ба Италия, Хорватия ва Россия содирот менамояд

( 1 Овоз )

ҶДММ «Ҷавонӣ» самараи даврони Истиқлолият мебошад. Ин корхонаи азим соли 1992 дар асоси сармоягузории хориҷӣ ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфтааст. Имрӯз он яке аз корхонаҳои бузурги саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Алҳол беш аз 800 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ ва тамоми шароити будубоши фаъолият таъмин гардидаанд. Боиси зикр аст, ки моҳи майи соли 1994 дар расмикушоди он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ​ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат ​ варзида, изҳори боварӣ намуда буданд, ки таъсиси чунин корхонаҳо мактаби таҷриба гардида, дар пешрафти иқтисоди миллӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Дар ин раванд татбиқи бомуваффақияти ислоҳоти иқтисодӣ барои ҳамгироии саноати кишвар ба сохтори саноати ҷаҳонӣ, суръатбахшии силсилаи навовариҳои технологӣ, пайдо ва устувор намудани мавқеи саноати Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Бо мақсади боз ҳам тақвияти дастгирии давлатии соҳибкорони ватанӣ, ки фаъолияти босамари онҳо сарчашмаи рушду шукуфоии давлату миллат маҳсуб меёбад, ​ бо ​ пешниҳоди ​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар дар мамлакат 300 рўзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ эълон гардид.

-​ ​ ​ Ин иқдоми хирадмандона шаҳодат медиҳад, ки соҳибкорони кишвар ҳамеша зери ғамхории давлату Ҳукумат қарор доранд. Ташаббусу иқдомҳои ​ ғамхоронаи Пешвои миллат мояи ҳавасмандию руҳбаландии мо - соҳибкорони ҷумҳурӣ ​ дар самти тараққӣ додани истеҳсолоти маҳаллӣ мебошад – изҳор дошт зимни суҳбат директори генералии ҶДММ «Ҷавонӣ» Иброҳимҷон Fафуров ва афзуд, ки амалӣ шудани ислоҳоти соҳаи саноат беҳтарин имкониятест, ки дар доираи он мушкилоти ҷойдошта дар ин соҳа бартараф ва чораҳои натиҷабахш роҳандозӣ мегарданд. Алалхусус, тибқи тағйироту иловаҳои воридшуда ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2017 то инҷониб таҳвили нахи пахта дар дохили ҷумҳурӣ барои коркард аз пардохти андози фурӯш 10 фоиз озод гардидааст, ки ин омил низ барои пешрафти коркарди нахи пахта дар дохили кишвар басо манфиатовар буда, истеҳсоли риштаи пахтагӣ бамаротиб афзуд, ки ин нишондиҳандаи хеле хуб дар саноти сабук мебошад. ​ ​ ​

Мавсуф оид ба фаъолияти корхона ҳарф зада, зикр дошт, ки ҳадафи асосии корхона коркарди ниҳоии нахи пахта бо технологияҳои замонавӣ, истеҳсол ва фурўши риштаҳои пахтагин, матоъҳо ва тамоми намуди шимҳову нимшима ва доман (мардона, бачагона ва юбкаҳо) мебошад.

Алҳол дар ҶДММ «Ҷавонӣ» сехҳои истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, дўзандагӣ, рангуборкунӣ, минтақаҳои дарзмолкунӣ ва пардоздиҳӣ (коркарди матоъ, рангкунӣ) амал менамоянд, ки таҷҳизоту техноглогияи он пурра аз давлатҳои Аврупо харидориву насб гардидааст. Хадамоти ёрирасон - минтақаҳои нақлиёт, ҳаводиҳӣ, буғдиҳӣ, шуъбаи энергетика, инчунин, баҳри муҳайё сохтани шароити иҷтимоии коргарон аз ҷумла бо хӯроки гарм, бунгоҳи тиббӣ дар фаъолияти шабонарўзӣ таъминанд. Мавриди зикр аст, ки дар корхона дар як сол наздик аз 1,4 миллион маҳсулоти тайёри дўзандагӣ ба монанди шиму нимшимаҳои мардона, занона ва бачагона истеҳсол мешаванд, ки аз 97 то 100 фоиз таркиби онҳоро пахта ташкил медиҳад. Истеҳсоли маҳсулоти коргоҳ дар асоси фармоишҳои мизоҷони аврупоӣ иҷро гашта, маҳсулот асосан ба давлатҳои Италия, Хорватия ва як миқдори муайян ба Федератсияи Россия содирот мегардад.​

-Аз ҳисоби пурзўр гардидани рақобат дар бозори ҷаҳонӣ кӯшиш менамоем, ки ҳар сол намуди матоъ ва маҳсулоти дўхтаро иваз намоем. Айни ҳол 60 намуд маҳсулоти тайёр истеҳсол мегарданд. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар бозори ҷаҳонӣ маҳсулоти дўхтаро асосан мамлакатҳое, ки дар он соҳаи ​ саноати сабук тараққӣ кардааст, монанди Хитой, Бангладеш, Шриланка, Покистон ва Ветнам ба фурўш мебароранд. Арзиши аслии маҳсулоти дар ин давлатҳо истеҳсолшаванда нисбат ба маҳсулоти мо паст мебошад. Аз ин сабаб онҳо ба бозори ҷаҳонӣ маҳсулоти худро бо нархҳои арзон пешниҳод карда метавонанд. Сабаби дигар он аст, ки бозори ҷаҳонӣ сифати баланди маҳсулотро талаб мекунад, дар ин раванд мо нисбат ба ин мамлакатҳои номбаршуда аз ҷиҳати истеҳсолоти босифат камбудӣ надорем. Ин аст ки Президенти ширкати «CARRERA» - муассис аз давлати Италия Имерио Такелла ҳар гоҳе, ки аз фаъолияти корхона дидан мекунад, бо ифтихори бузург мегўяд: «Аз таҷриба ба чунин хулоса омадем, ки тоҷикон дорои ақлу заковат ва зеҳни нодиранд ва қудрат доранд, дар оянда низ дар бозорҳои ҷаҳонӣ бо ҳамкасбони худ ҳамкорӣ кунанд».​

Инчунин дар маркази вилоят ва шаҳри Душанбе мағозаҳои фирмавӣ ​ ташкил шудааст, ки меҳмонону сокинони кишвар аз маҳсулоти ин коргоҳ харидорӣ карда метавонанд. ​

Ба таври дигар гўем, фаъолияти дилсўзона ва софдилонаи мардуми тоҷик ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва дар рақобат бо маҳсулоти бозори ҷаҳонӣ тобовар фармоишгаронро, қабл аз ҳама, аз давлатҳои Аврупо водор менамояд, ки дар масоили ҳамкориву сармоягузорӣ эътибори зарурӣ диҳанд.

Хушбахтона, фармоишгарон дар асоси хоҳиш ва дархосташон аз коргоҳи «Ҷавонӣ» маҳсулоте ба даст меоранд, ки воқеан мутобиқ ба талаботи давру замон харидоргир ва босифат аст.​

Барои мунтазам фаъолият намудани корхона ашёи хом аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Конибодом, Зафаробод ва Бобоҷон Ғафуров дастрас мегардад. Бо мақсади боз ҳам хубтар фаъолият намудан роҳбарияти корхона пайваста дар андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати ворид намудани таҷҳизоту дастгоҳҳои наву муосири технологии истеҳсолот мебошад. Яъне ҷустуҷўи роҳҳои нави истеҳсолот ва натанҳо ҳамқадами замон будан, балки аз он пеш рафтан, ҳадафи асосии роҳбарият ва масъулини ҶДММ «Ҷавонӣ» маҳсуб ​ меёбад. Дар асоси омўхтани талаботи фармоишгарон ва харидорони маҳсулоти бозори ҷаҳонӣ ба истеҳсоли намудҳои мухталифи шимҳои мардона, занона ва бачагона ​ корбарӣ шуда истодааст.​

Ҳамчунин соли равон бо назардошти вазъияти ба миён омадани пандемия, яъне дар тамоми ҷаҳон паҳн гаштани COVID – 19 коргоҳ дӯхтани ниқобҳои муҳофизатии босифати бисёркаратаро ба роҳ монда, дар 6 моҳи соли равон 2 миллиону 177 ҳазор ниқоб истеҳсол намуда, ба давлати Италия содирот карда шуд. ​ ​

Ба таври дигар, роҳбарияти коргоҳ ва мутахассисон ҳамеша дар ҷустуҷўи роҳҳои нави истеҳсолот ва омўзиши талаботи бозори ҷаҳонӣ мебошад, ки ин ҳама барои ягон дақиқа аз фаъолият боз намондани корхона мусоидат менамоянд.

- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои таъмин кардан бо ҷойи кор пешрафти истеҳсолоти дўзандагӣ ниҳоят муҳим мебошад. Чунки агар барои истеҳсол намудани 1,5 миллион маҳсулот, дар истеҳсолоти ресандагӣ 90 нафар ва дар истеҳсолоти бофандагӣ 70 нафар фаъолият намоянд маҳсулоте, ки ин истеҳсолотҳо дар намуди ресмону матоъ истеҳсол мекунанд барои аз ин миқдор матоъ дӯхтани либос мо бояд зиёда аз 350 нафар дўзандаро ба кор таъмин намоем, ки минбаъд низ ин нақшаҳо амалӣ хоҳанд гашт. Бояд афзуд, ки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода пайваста аз коргоҳи мо боздид ба амал оварда, бобати ҳалли муаммоҳои соҳавӣ боз ҳам беҳтар кардани шароити корӣ алалхусус дар вазъияти ба амаломадаи пандемия пешгириву ҳифзи саломатии кормандон аз ин беморӣ супоришҳои саривақтӣ медиҳанд. ​ ​

Дар навбати худ мо саноатчиёни вилоят дар партави ин uамхориҳои роҳбарияти ҳукумати xумҳурӣ ва вилоят ​ уҳдадорӣ гирифтаем, ки дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ва суръатбахшии истеҳсолот, ​ инчунин пешбурди ҳамаи xабҳаҳои ҳаёт ба нишондиҳандаҳои мусбӣ ва устувор комёб гардем,- мегӯяд сарвари коргоҳ И.Ғафуров.​

Роҳбарияти коргоҳ изҳор доштанд, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва Раиси вилоят боз ҳам барои рушди соҳаи саноати сабук ва дар самти расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар мусоидат менамоянд.​

Маъмурахон САМАДОВА




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР – ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ. ҶДММ «ҶАВОНӢ»​ маҳсулоти худро ба Италия, Хорватия ва Россия содирот менамояд