Хабарҳо
«Хиёнат»: Фоҷиаи инсоният - 07.08.2020 19:06
Ташкилоти ғайритиҷоратии «Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилояти Суғд» таъсис ёфт - 07.08.2020 14:29
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Суғд-Текстайл» - 07.08.2020 14:23
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба рӯзи касбии сохтмончиён - 07.08.2020 11:08
Мулоқоти сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бо занони шаҳри Исфара - 07.08.2020 08:35
Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд - 06.08.2020 12:47
Border Troops Reports About Border Incident - 06.08.2020 11:06
Изҳороти Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон - 06.08.2020 09:47
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон боздид ба амал оварданд - 06.08.2020 08:57
COVID-19. Масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи имрӯзаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баррасӣ гардид - 06.08.2020 08:50

«Комбинати шир»-и шаҳри Хуҷанд азнавсозӣ ва ба кор андохта мешавад

( 0 Овоз )

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ҷиҳати бакорандозии иқтидорҳои бозмондаи соҳаи саноат тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Аз ҷумла, бо талошҳои пайастаи роҳбарияти вилоят ва ҳамкории самаранокии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо бахши хусусӣ собиқ корхонаи «Комбинати шир»-и шаҳри Хуҷанд иқтидорҳои хешро аз нав барқарор хоҳад намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур боздид намуда, барои ҳарчи зудтар бакорандозии корхона дастуру супоришҳо дод. Таъкид шуд, ки барои фаъолияти пурсамар тамоми имконоти майдони истеҳсолот мавҷуд буда, маҳсулоти хом дастрас аст.

Корхонаи «Комбинати шир»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар минтақаи шимолу шарқии саноатии шаҳр воқеъ аст, бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ фаъол хоҳад шуд. Муассиси корхона соҳибкори ватанӣ Раҳмонбек Раҷабов бо таҳияи лоиҳаи бузург ва ҷалби 20 миллион доллари амрикоӣ якҷо бо шарикони хориҷӣ онро эҳё карданист.

Бино ба иттилои Раҳмонбек Раҷабов аллакай гуфтушунид бо шарикони тиҷорӣ ба воситаи Бонки аврупоии рушд ҷараён дошта, коршиносон заминаҳои моддӣ ва ҳаҷми истеҳсолотро муайян намудаанд.

Тибқи лоиҳа корхона дар якчанд марҳила азнавсозӣ гардида, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва гӯштиро ба роҳ хоҳад монд. Дар назар аст, ки дар ин корхонаи бузург беш аз 400 нафар соҳиби ҷойи корӣ гарданд ва марҳилаи аввали лоиҳа дар арафаи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом хоҳад ёфт.

Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ба истифода додани 119 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2308 ҷойи нави корӣ дар назар дошта, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 48 корхонаву коргоҳи нав бо 650 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Комбинати шир»-и шаҳри Хуҷанд азнавсозӣ ва ба кор андохта мешавад