Хабарҳо
Ба истифода додани роҳи мошингарди пайвасткунандаи шаҳраки Мӯъминобод ва деҳаҳои Деҳлоло ва Хосабой бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон - 25.09.2020 15:04
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангӣ-фароғатиро дар маркази ноҳияи Мӯъминобод мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 25.09.2020 15:03
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳолати истифодаи замини наздиҳавлигӣ дар манзили истиқоматии шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев дар ноҳияи Мӯъминобод шинос шуданд - 25.09.2020 15:02
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматиро дар ноҳияи Мӯъминобод мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 25.09.2020 15:00
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолати истифодаи замин, ҷамъоварии ҳосили картошка ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар мавзеи Гулистони ноҳияи Муъминобод - 25.09.2020 14:58
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари ноҳияи Мӯъминобод ба фаъолияти корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дуоб-Р» оғозӣ расмӣ бахшиданд - 25.09.2020 14:56
Дар Хуҷанд Маркази тиҷоратии ““Шаҳри афсонавӣ” ба истифода дода шуд - 25.09.2020 14:22
Вохӯрии раиси Шӯрои ВАО бо донишчуёни кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ - 25.09.2020 09:53
Раиси вилоят собиқадори соҳаи кишоварзӣ Каримҷон Ҷӯраевро аёдат намуд - 24.09.2020 17:06
Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта дар Конибодом - 24.09.2020 17:03

Навиди Суғд


Ба истифода додани роҳи мошингарди пайвасткунандаи шаҳраки Мӯъминобод ва деҳаҳои Деҳлоло ва Хосабой бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон

( 0 Овоз )

25 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминобод ҳамзамон роҳи 7-километраи шаҳраки Мӯъминободро мавриди истифода қарор доданд. Роҳи мазкур, ки маркази ноҳияро бо деҳаҳои Деҳлоло ва Хосабой пайваст мекунад, солҳо таъмирталаб буд ва ба бошандагони ин деҳаҳо мушкилӣ эҷод мекард. Акнун баъд аз навсозӣ гардидани роҳ мушкилоти сокинон бартараф шуда, барои ҳаракати мунтазами нақлиёт мусоид гардонида шуд.

Ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки роҳи мазкур маркази ноҳияро бо мавзеи Чилдухтарон пайваст менамояд. Вобаста ба ин, бо мақсади таъмини мунтазами ҳаракати нақлиёт ба мавзеи Чилдухтарон ва маркази ноҳия дар назар дошта шудааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз 21 километр идомаи роҳи мазкур пурра навсозӣ гардида, ба ин васила барои ҳаракати шабонарӯзии нақлиёт имконоти мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки корҳои таъмирию навсозӣ дар ин масир соли равон оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд. Аснои шиносоӣ Пешвои миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор карданд, ки бо мақсади боз ҳам равнақ додани корҳои созандагӣ масъулияти баланд ҳис намуда, дар ободии мамлакат саҳм гузоранд.

Дар ноҳияи Мӯъминобод корҳои таъмиру барқароркунии роҳҳои маҳаллӣ идома дошта, дар назар аст, ки то истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 167 километр роҳҳои ҳудуди ноҳия ва дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ таъмиру навсозӣ карда шаванд. То имрӯз беш аз 40 километр роҳҳои ноҳиявӣ таъмир карда шудаанд.


Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангӣ-фароғатиро дар маркази ноҳияи Мӯъминобод мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

( 0 Овоз )

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи муҳташаму зебои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аҳли фарҳанг Сарвари давлатро бо самимияти хосса истиқбол гирифта, барои чунин ҳадяи арзишманд изҳори миннатдорӣ намуданд.

Иншооти мазкур дар масоҳати 6 гектар бунёд ёфта, бо дарназардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст. Аз ҷумла, барои истироҳату фароғати сокинон имконоти зарурӣ фароҳам шуда, дохили иншоот бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст.

Дар ҳудуди боғи фарҳангӣ бештар аз 800 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида шуда, ҳамчунин дохили боғ пурра майсазор гардонида шудааст. Нигоҳубини дарахтон ва гулу буттаҳо ба таври муосир обрасонӣ гардида, роҳравҳои боғи нав бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш шудааст.

Дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Мӯъминобод ҳамчунин  2 суҳбаткадаи калон ва 8 суҳбаткадаи хурд, ки шаклу намои хеле зебо доранд, бунёд ёфта, барои дилхушии атфол чархофалак ва дигар василаи бозиву фароғати кӯдакона насб шудаанд. Аз ҷумла, як майдони алоҳидаи кӯдакона мувофиқ ба меъёрҳои ҷорӣ ташкил гардида, шаҳрвандону меҳмонон ҳамзамон метавонанд аз 95 нишастгоҳ, ки дар саросари боғ васл гардидааст, барои истироҳати худ истифода баранд.

Барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои гуногун ва барномаҳои консертӣ дар дохили боғ як амфитетари замонавӣ, ки бо нишастгоҳҳои нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст, бунёд ёфтааст.

Дар ҳудуди иншоот ҳамчунин барои дӯстдорони варзиш майдончаи муосири варзишӣ ҷойгир мебошад, ки дар он шароити зарурии баргузор кардани машғулияту тамринҳо фароҳам мебошад. Ҳудуди иншоот бо 3 фаввораи зебову замонавӣ, ки бо шаклу услуби хос бунёд ёфтааст, зинат дода шуда, сокинону меҳмонони ноҳия метавонанд дар чунин фазои зебо истироҳату фароғати худро гузаронанд.

Дар шомгоҳон намои Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ хеле зебо шуда, дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва чароғакҳои гуногунранг ҳудуди иншоотро равшан нигоҳ медоранд.

Бо бунёди боғ барои сайру гашти сокинону меҳмонони ноҳияи Мӯъминобод имконияти мусоид фароҳам гашт.

Атрофи иншооти нав пурра панҷарапӯш гардида, даромадгоҳи он низ бо санъати баланди меъморӣ оро дода шудааст.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Мӯъминобод дар доираи Нақшаи  чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ҳамчунин ба истиқболи ин ҷашни фархунда дар ҳудуди ноҳия сохтмони даҳҳо иншооти дигар идома дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳолати истифодаи замини наздиҳавлигӣ дар манзили истиқоматии шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев дар ноҳияи Мӯъминобод шинос шуданд

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзили истиқоматии шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев ташриф оварда, бо ҳолати истифодаи замини наздиҳавлигии ин хонадон шинос шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматиро дар ноҳияи Мӯъминобод мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон бинои истиқоматии 5-ошёнаро, ки барои хизматчиёни давлатӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои он шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур дорои хонаҳои истиқоматии 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ буда, дар маҷмӯъ аз 36 ҳуҷра иборат мебошад.

Роҳбари давлат калиди хонаҳои навро ба соҳибонашон супорида, онҳоро ба ин муносибат таҳният гуфтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати бобарори иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи шахсии Роҳбари давлат нисбат ба шахсони яккаву танҳо, ба як оила, ки ятими кулл ба воя расидаанд, дар бинои мазкур хонаи истиқоматӣ ҳадя карда шуд. Таъкид гардид, ки минбаъд ҳам ғамхориву кумакрасонӣ ба чунин нафарон идома ёфта, тамоми тадбирҳо андешида мешавад, то ин ки нафарони эҳтиёҷманд ба танқисӣ дучор нагарданд.

Дар хонаҳои ин бинои баландошёна барои зиндагӣ дар он имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳози рузгор таъмин буда, дохили ҳуҷраҳои истиқоматӣ бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст.

Бинои истиқоматӣ дар маркази ноҳия ҷойгир буда, бо сифати баланд ва санъати баланди меъморӣ бунёд ёфтааст. Гирду атрофи иншооти нав бо гулу буттаҳои ороишӣ зинат ёфтааст.

Хонаҳои истиқоматӣ ба хизматчиёни давлатӣ, кормандони идораву корхонаҳои давлатие, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолият дошта, ниёз ба хонаи истиқоматӣ доштанд,  тақдим гардид.

Барои чунин дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ хизматчиёни давлатӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар партави чунин ғамхориҳо, кӯшиш мекунад, ки рисолати бардӯшдоштаашонро дар самти таъмини рушди бахшҳои гуногунии хоҷагии халқи мамлакат бо дилу нияти пок ба анҷом расонанд.

Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки барои баланд бардоштани сифати зиндагии кормандони касбу кори гуногун ва фароҳам намудани имконияти кору фаъолият ба онҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша чораҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин доира дар саросари мамлакат ҳамасола чунин биноҳои замонавӣ аз ҳисоби маблағҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ бунёду ба истифода дода мешавад, ки ин раванд аллакай мушкилоти зиёди ниёзмандонро бо хонаҳои истиқоматӣ ҳал намудааст.

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолати истифодаи замин, ҷамъоварии ҳосили картошка ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар мавзеи Гулистони ноҳияи Муъминобод

( 0 Овоз )

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминобод ҳамчунин бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуда, дар Хоҷагии деҳқонии “Муҳаммадҷон” ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд.

Хоҷагии мазкур дар ихтиёри худ 5 гектар замин дошта, асоси фаъолияти онро кишту парвариши зироати кишварзӣ, аз ҷумла, картошкаву пиёз ва дигар намуди сабзавот ташкил медиҳад.

Саҳмдорон соли равон вобаста ба вазъи пандемия майдони кишти картошкаро 2 маротиба зиёд намуда, дар масоҳати 2,5 гектар пурра картошка кишт карданд, ки ҳосили хуб низ ба бор овардааст.

Ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии “Муҳаммадҷон” дар ноҳияи Мӯъминобод яке аз фаъолтарин хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоб рафта, дар самти таъмини бозори дохила бо маҳсулоти кишоварзии воридотӣ нақши арзанда дорад.

Сарвари давлат зимни боздид аз ҷамъоварии ҳосили картошка ба меҳнати саҳмдорон баҳои баланд дода, ба онҳо ҷиҳати дастгирии ҳадафҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар самти таъмини амнияти озуқавории мамлакат изҳори сипос намуданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчунин аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия дидан карда, бо натиҷаи заҳмати деҳқонон шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аҳли заҳмати ноҳияи Мӯъминобод бо истифода аз имконоти мусоиди табиӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ кишту парвариши зироати кишоварзиро ба таври матлуб ба роҳ монда, имсол дар майдони 15 ҳазор 176 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузарониданд, ки нисбат ба соли гузашта 198 гектар зиёд мебошад.

Бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва дарназардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ноҳияи Мӯъминобод соли равон дар майдони 409 гектар кишти такрории зироат гузаронида шуд, ки аллакай ҳосил қисман ҷамъоварӣ гардида, дар заминҳои боқимонда корҳои ҳосилғундорӣ идома доранд.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо вазъи кишоварзии ноҳия ба меҳнати садоқатмандонаи деҳқонон баҳои баланд дода, ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулот ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Мӯъминобод соҳаи боғу токпарварӣ рушд карда, майдони онро мутаносибан 585 ва 40 гектар ташкил медиҳад.

Аз рӯи маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳия, соли равон дар доираи барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушди боғу токзор 180 гектар боғ ва 3 гектар токзор таъсис ва барқарор гардида, ба ин васила афзоиши ҳаҷми номгӯи маҳсулот низ ба маротиб боло рафт.

Дар ҳамин ҷо аҳли заҳмат муосиртарин техникаю таҷҳизоти кишоварзиро, ки имрӯз ба таври васеъ ҳангоми кишту кор истифода мегарданд, ба намоиш гузоштанд.

Меҳнаткашони ноҳияи Мӯъминобод уҳдадор шудаанд, ки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ карда, барои фаровонии бозори истеъмолӣ саҳми арзанда гузоранд.

ШУМО ДАР: Навиди Суғд