Хабарҳо
“Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад”-бардошт аз чорабинии идона дар шаҳри Исфара - 05.03.2021 20:44
Дар ноҳияи Ашт Рӯзи Модарро бо шукуҳи хоса ҷашн гирифтанд - 05.03.2021 20:24
Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар бо ҳузури Озарахшу Фарзона маҳфили «Ширу шакар» доир шуд - 05.03.2021 16:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот намуданд - 05.03.2021 16:19
Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани нерӯи таълимии мактаб дар пешгирии ифротгароии хушунатомез» - 05.03.2021 14:51
Истаравшан. Соҳибкор Ҳакимова Рухшона коргоҳи хурди қаннодиро мавриди истифода қарор дод - 05.03.2021 14:48
Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон - 05.03.2021 14:42
55,6%-и кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бонувон ташкил медиҳанд - 05.03.2021 14:39
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Ҷумҳурии Туркия сафар мекунанд - 05.03.2021 10:27
Паёми табрики Раиси вилоят ба муносибати Рўзи Модар - 05.03.2021 09:55

Сафари серӯзаи намояндаи Бонки рушди Осиё ба вилояти Суғд поён ёфт

( 0 Овоз )

Сафари серӯзаи намояндаи Бонки рушди Осиё ба вилояти Суғд поён ёфтСафари серӯзаи намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон ҷаноби Си Си Йу ба вилояти Суғд ба анҷом расид.

Субҳи имрӯз  Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода  намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон ҷаноби Си Си Йуро ба ҳузур пазируфт. Зимни сӯҳбат  ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба ва густариши онро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамкориҳои босамари Тоҷикистонро бо Бонки рушди Осиё ёдовар шуданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо перомуни рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят, имкониятҳои содиротии мавҷуда дар самти меваи хушк, инкишофи соҳибкории хусусӣ, солимгардонии системаи обу обёрии ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт ва Зафаробод, амалишавии лоиҳаи таъминоти барқи ноҳияи Ашт сухан ронданд.

Ёдовар мешавем, ки намояндаи Бонки рушди Осиё ҷаноби Си Си Йу дар таърихи 14-16 апрел, тӯли се рӯз  дар  вилояти Суғд қарор дошт. Дар ҷараёни сафари хеш ба шимоли кишвар  Си Си Йу аз Қасри Арбоб, минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», Осорхонаи вилоятӣ, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва корхонаи муштараки «Ҷавонӣ» дидан карда, аз истиқболи гарми мизбонон изҳори миннатдорӣ намуд.Сафари серӯзаи намояндаи Бонки рушди Осиё ба вилояти Суғд поён ёфт

Сафари серӯзаи намояндаи Бонки рушди Осиё ба вилояти Суғд поён ёфтХадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Сафари серӯзаи намояндаи Бонки рушди Осиё ба вилояти Суғд поён ёфт