Хабарҳо
Бахшида ба Рӯзи Модар озмуни вилоятии «Суруди модар - Алла» доир гардид - 02.03.2021 15:43
Эълони озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон - 02.03.2021 13:43
Бӯстон. Ба хатмкунандагони курси омӯзишии "Мактаби сарварони ҷавон" гувоҳномаҳо супорида шуд - 02.03.2021 13:40
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара - 02.03.2021 09:57
«КАБИРӢ АЗ ҶОНИБИ ХАДАМОТИ МАХСУСИ ХОРИҶӢ ИСТИХДОМ ШУДААСТ». Коршинос, рӯзноманигор, таърихшинос, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ Абдуқодир Талбаков иброз дошт, ки барои чӣ наҳзатситез аст - 01.03.2021 15:27
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро ба ҳузур пазируфтанд - 01.03.2021 15:20
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 26.02.2021 21:15
50 толибилми Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ба даври финалии Олимпиадаи байналмилалӣ "IMAC - online" роҳхат гирифтанд - 01.03.2021 10:08
Дар Конибодом ба бунёди боғи нави зардолу оғоз бахшида шуд - 26.02.2021 17:26
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Конибодом - 26.02.2021 17:02

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи СпитаменВидео :Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Спитамен
C
анаи 12-уми апрели соли равон Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.

Сафари кории Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Спитамен аз шиносоӣ бо вазъи сойи Исфана, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов воқеъ аст, оғоз ёфт.  Ҳар сол дар мавсими боришот аз ин сой сели зиёд мегузарад.

Аз ин рӯ, Раиси вилоят роҳбарияти ноҳияро дастур дод, ки корҳои тозакунии сойро ба таври зарурӣ ба роҳ монанд.

Сипас, Раиси вилоят бо рафти кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонии «Мухаммадюсуф»-и ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Турсун Ӯлҷабоев» ошно шуд. Аҳли хоҷагӣ ният доранд, ки  имсол дар майдони 7 гектар пахтаи навъи «Неъмат» коранд. Дар худи ассотсиатсия бошад, масоҳати кишти пахта 1005 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагидорони спитаменӣ нақша доранд, маъракаи киштро то санаи 20-уми апрел пурра ба анҷом расонанд. Дар ноҳия, соли равон дар маҷмӯъ, дар майдони 7100 гектар тиллои сафед парвариш карда мешавад.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо вазъи корҳои саҳроии хоҷагии «Раҳматов»-и ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Бобоев» низ шинос шуд. Аҳли хоҷагӣ аз 22 гектар замин, дар 15 гектари он пунбадона кишт карданиянд.

Нашъунамои гандум дар хоҷагии деҳқонии «Мирсаидов»-и ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Андарсой» низ мавриди таваҷҷӯҳи Раиси вилоят қарор гирифт. Ин хоҷагӣ дорои 60 гектар замин буда, дар 30 гектари он пахта ва дар 15 гектари дигар гандум парвариш мекунанд. Дар маҷмӯъ, ассотсиатсия 1000 гектар замин дорад ва дар 625 гектари он пахта кишт мекунанд. Нашъунамои гандуми тирамоҳӣ, ки онро моҳи сентябр коридаанд, хуб аст. Деҳқонони хоҷагӣ тасмим гирифтаанд, пас аз дарави гандум дар ин замин лӯбиёи сурх парвариш кунанд. Зеро талабот ба ин навъи зироат дар бозор зиёд аст ва ҳам ҳосили он дар муҳлати кӯтоҳ тайёр мешавад. Раиси вилоят дар ин хоҷагӣ бо аъзоёни он, ки ба кишти ҷуворимакка машғул буданд, сӯҳбат кард ва аз шароити кору рӯзгори онҳо пурсон шуд.

Ҳамчунин, Раиси вилоят бо рафти кишти пунбадона дар хоҷагии «Зарафшон»-и ҳамин ассотсиатсия низ, аз наздик шинос шуд.

Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии  «Шафқат» низ дидан кард. Ин пойгоҳ 3 дастгоҳ дошта, пурра фаъолият мекунад. Иқтидори  обкашии иншоот 100 литр дар як сония буда, он обро то баландии 100 метр мебардорад ва 250 гектар заминҳои хоҷагиҳои «Дашти Форам» ва «Аҳмадҷон – саркор»-и ноҳияро обёрӣ мекунад. Таваҷҷӯҳи роҳбарияти вилоят ба фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ бесабаб нест. Зеро вазъи таъминоти об аз кори иншооти обрасон вобастагии калон дорад.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят бо вазъи кории обанбори «Шафқат» низ ошно гашт. Обанбори мазкур дар сойи Оқсу ҷойгир аст ва он 70 дарсади заминҳои ноҳияро бо об таъмин мекунад. Дар мавсими боришот оби обанбор зиёд мешавад. Бинобар ин, Раиси вилоят масъулинро супориш дод, ки корҳои соҳилмустаҳкамкуниро бо сифати баланд ва саривақт ба иҷро расонанд, то дар мавсими нави боришот заминҳои кишт аз зарари сел эмин монанд.

Комбинати агросаноатии «Гулистон»-и ноҳия аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзии минтақа ба ҳисоб меравад, ки 3280 гектар замин дорад. Зимни боздид аз минтақаҳои якуму дуюми хоҷагӣ маълум шуд, ки рӯзе 120 гектар пунбадона кишт мекунанд. Ҳангоми сӯҳбати Раиси вилоят бо аъзои ассотсиатсия, маълум гардид, ки барои онҳо аз ҷониби роҳбарияти хоҷагӣ шароитҳои зарурии меҳнатӣ фароҳам оварда нашудаанд. Маоши коргарон, ки меҳнаташон осон нест, аз 120  то 200 сомониро ташкил медиҳад. Албатта, барои ҳар яки онҳо 10 сотихӣ замин ҷудо шудааст, вале онҳо аз дигар кӯмакҳои моддие чун орду равған, мисли коргарони дигар хоҷагиҳои ноҳия бархурдор нестанд. Ба ин тарзи муносибати роҳбарияти хоҷагӣ Раиси вилоят эроди ҷиддӣ гирифт ва супориш дод, ки ба шароити корӣ ва музди меҳнати меҳнаткашон таваҷҷӯҳи шоиста зоҳир намоянд.

Дар поёни сафари корӣ Раиси вилоят вазъи корҳои ободониро дар атрофи бозори марказии ноҳия мушоҳида карда, бо нархҳои маҳсулоти бозор ошно шуд ва барои тозакунии муҳити бозор пешниҳодоти хешро иброз намуд.

Ҳамчунин шумо метавонед, навори ин мақоларо аз сомонаи www.youtube.com тамошо кунед. Видео :Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Спитамен Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Спитамен
Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Спитамен

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Спитамен