Хабарҳо
Бахшида ба Рӯзи Модар озмуни вилоятии «Суруди модар - Алла» доир гардид - 02.03.2021 15:43
Эълони озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон - 02.03.2021 13:43
Бӯстон. Ба хатмкунандагони курси омӯзишии "Мактаби сарварони ҷавон" гувоҳномаҳо супорида шуд - 02.03.2021 13:40
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара - 02.03.2021 09:57
«КАБИРӢ АЗ ҶОНИБИ ХАДАМОТИ МАХСУСИ ХОРИҶӢ ИСТИХДОМ ШУДААСТ». Коршинос, рӯзноманигор, таърихшинос, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ Абдуқодир Талбаков иброз дошт, ки барои чӣ наҳзатситез аст - 01.03.2021 15:27
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро ба ҳузур пазируфтанд - 01.03.2021 15:20
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 26.02.2021 21:15
50 толибилми Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ба даври финалии Олимпиадаи байналмилалӣ "IMAC - online" роҳхат гирифтанд - 01.03.2021 10:08
Дар Конибодом ба бунёди боғи нави зардолу оғоз бахшида шуд - 26.02.2021 17:26
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Конибодом - 26.02.2021 17:02

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Конибодом

( 2 Овоз )

                Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи КонибодомВидео :Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Конибодом
C
анаи 5-уми апрели соли равон Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Конибодом сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Конибодом, Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода нахуст бо фаъолияти хоҷагии навташкили «Баҳористон»-и ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ шинос шуд.

Ин хоҷагӣ 19 гектар замин дошта, дар 6 гектари он кишти тарбузро ба роҳ мондаанд. Аҳли хоҷагӣ ба хотири ҳалли муаммоми таъмини об, аз ҳисоби худ чоҳи амудӣ кофта, умедворанд, ки таҷрибаи аввалини онҳо дар парвариши тарбуз самараи дилхоҳ ба бор меоварад.

Раиси вилоят ҳамчунин аз минтақаи таъмирталаби канали Фарғона дидан кард. Ин канал тибқи лоиҳа аз мавзеи Маҳрами Конибодом то сарҳади ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бетонпӯш карда мешавад. Ин кор аз соли 2008 шурӯъ шуда, соли гузашта таъмиргарон 6,5 километр ва имсол низ ҳамин микдор масоҳати каналро таъмир кардаанд. То анҷоми кор бошад, боз 1100 метри дигар боқӣ мондааст.

Ҳангоми боздид аз ҷараёни корҳои азнавсозӣ маълум гардид, ки корҳои сохтмонӣ суст ба роҳ монда шудааст. Тибқи назардошт таъмири канал бояд то имрӯз ба анҷом мерасид. Роҳбари вилоят ба мутасаддиёни соҳа супориш дод, ки бо ташкили ҳашар, ҷалби техникаи зарурӣ ва афзун кардани ҳаҷми кор то санаи 10-уми апрел, яъне давоми панҷ рӯз, бетонпӯшкунии каналро ба итмом расонанд, то ки хоҷагидорони минтақа танқисии обро дар мавсими имсола эҳсос накунанд.

Дар хоҷагии «Навбаҳор»-и ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Ашӯрмат Қодиров» бошад, бо иштироки Раиси вилоят ба кишти пахта оғоз бахшиданд. Имсол меҳнаткашони хоҷагӣ дар майдони 20 гектар пахтаи навъи  «Неъмат» кориданӣ ҳастанд. Дар маҷмӯъ, ассотсиатсия 900 гектар замини корам дорад ва тибқи нақшаи дурнамо бояд дар 800 гектари он пахта кишт намоянд. Соли гузашта деҳқонони ин ассотсиатсия 25 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Нозим саркор»-и АХД «Дӯстӣ» бошад, имсол дар майдони 19 гектар пиёзи тирамоҳию барвақтии навъҳои испанӣ ва банкокӣ коштаанд. Соли гузашта ҳам дар ҳамин микдор замин пиёз корида, ҳосили хуб ба даст овардаанд. Қоҳир Расулзода аз нашъунамои ҳосили деҳқонони ин хоҷагӣ низ дидан кард. Хоҷагӣ дорои 100 гектар замин буда, дар 65 гектари он имсол пахта парвариш мекунанд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Пахтакор» -и ҳамин ассотсиатсия бошад, кишти пахта шурӯъ шуд. Имсол аҳли хоҷагӣ ният доранд дар 70 гектар замин тиллои сафед парвариш кунанд.

Қитъаи замине, ки имсол пахта киштаанд, бори аввал мавриди истифода қарор дода шудааст. Азхуд кардани майдони нави пахта барои деҳқонон фоли нек аст ва ба туфайли заҳмати хоҷагидорон ба замини ҳосилдеҳ табдил меёбад. Раиси вилоят дар ин хоҷагӣ бо аъзоёни он сӯҳбат кард ва аз шароити кору рӯзгори онҳо пурсон шуд. Дар баробари масъалаҳои кишоварзӣ, Қоҳир Расулзода таваҷҷӯҳи хоҷагидоронро ба тарбияи хуби фарзандон ҷалб намуд ва барои саводнок кардани духтарони деҳот тавсияҳои судманд пешниҳод кард. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз вазнинии кори саҳро асосан бар дӯши занҳо, азҷумла ҷавондухтарон аст. Зикр гардид, ки дар шаҳри Конибодом омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ, тиббиву технологӣ амал мекунанд ва духтарон метавонанд дар  онҳо таҳсили хешро идома диҳанд.

Ҳамчунин Қоҳир Расулзода дастур дод, ки ба масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнати аъзои хоҷагӣ эътибори асосӣ зоҳир карда шавад.

Раиси вилоят бо вазъи оғози мавсими киштукор, ҳамчунин дар хоҷагиҳои деҳқонии «Бекобод» ва «60 солагии Октябр» аз наздик шинос шуда, барои кишоварзон тавсияҳои муфид дод.

Имсол дар ҶСШК «Энаҷон Бойматова» дар майдони 0,8 гектар  гармхонаеро бо усули чинӣ бунёд кардаанд. Раиси вилоят бо фаъолияти гармхонаи навтаъсис шинос шуд, ки дар он помидор ва бодиринг коридаанд. Деҳқонон мегӯянд, ки ҳосилашон баъди 2 ҳафта тайёр мешавад. Ҳамчунин ният доранд, ки аз ҳисоби даромади гармхона масоҳати онро то 2 гектар зиёд намоянд.

Дар поёни сафари корӣ, Раиси вилоят бо иштироки масъулини мақомоти иҷроия, раисони ассотсиатсия ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, масъулини соҳаи обтаъминкунӣ ва фаъолони ноҳия ситоди корӣ баргузор намуд. Қоҳир Расулзода дастур дод, ки бо истифода аз обу ҳавои тағирёбанда, имсол бояд кишти пахта барвақт ба роҳ монда шавад. Барои ин, бояд тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода шаванд. Ба иттилои масъулин,  то имрӯз дар майдони 1300 гектар кишти пахта гузаронида шудааст ва он бояд дар давоми 10-15 рӯзи дигар ба анҷом расонида шавад.

Раиси вилоят таваҷҷӯҳи кишоварзонро ба масъалаи захираи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ ҷалб намуд. Дар мавсими имсола бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои хоҷагидорони ноҳия 80 тонна сӯзишворӣ бо нархи арзон дастрас карда шудааст. Қоҳир Расулзода ҳамзамон аз мавҷуд набудани мағозаи фурӯши нуриҳои минералӣ дар ноҳия изҳори нигаронӣ кард ва дастур дод, ки ба хотири осон шудани кори деҳқонон ба ташкили чунин нуқтаҳо аҳмият диҳанд. Соли гузашта, дар Конибодом 344 гектар замин аз истифода берун монд. Раиси вилоят супориш дод, ки бо истифода аз имконияту воситаҳо имсол ин заминҳо мавриди корбарӣ қарор дода шаванд.

Раиси вилоят ҳамчунин раисони ҷамоатҳоро ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар маҳалҳо ҳидоят намуд.

Дар охир, изҳори умед карда шуд, ки кишоварзони ноҳия дар мавсими имсола бо истифода аз таҷрибаи ғании хеш ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил мегарданд.

Ҳамчунин шумо метавонед, навори ин мақоларо аз сомонаи www.youtube.com тамошо кунед. Видео :Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Конибодом

                Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Конибодом

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Конибодом