Хабарҳо
Бахшида ба Рӯзи Модар озмуни вилоятии «Суруди модар - Алла» доир гардид - 02.03.2021 15:43
Эълони озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон - 02.03.2021 13:43
Бӯстон. Ба хатмкунандагони курси омӯзишии "Мактаби сарварони ҷавон" гувоҳномаҳо супорида шуд - 02.03.2021 13:40
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара - 02.03.2021 09:57
«КАБИРӢ АЗ ҶОНИБИ ХАДАМОТИ МАХСУСИ ХОРИҶӢ ИСТИХДОМ ШУДААСТ». Коршинос, рӯзноманигор, таърихшинос, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ Абдуқодир Талбаков иброз дошт, ки барои чӣ наҳзатситез аст - 01.03.2021 15:27
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро ба ҳузур пазируфтанд - 01.03.2021 15:20
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 26.02.2021 21:15
50 толибилми Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ба даври финалии Олимпиадаи байналмилалӣ "IMAC - online" роҳхат гирифтанд - 01.03.2021 10:08
Дар Конибодом ба бунёди боғи нави зардолу оғоз бахшида шуд - 26.02.2021 17:26
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Конибодом - 26.02.2021 17:02

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиот

( 1 Овоз )

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан ЭллиотВидео :Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиот
Субҳи имрӯз, 4-уми апрели соли 2013, Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода Сафири Фавқ
улодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи

Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотро, ки бо сафари корӣ ба Хуҷанд омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба ва густариши онро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамкориҳои босамари Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро  дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаҳои  иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ, ҳамчунин ҳамкориҳои минтақавӣ  махсус қайд намуданд.

Раиси вилояти Суғд зимни мулоқот  таъкид дошт, ки солҳои охир  имкониятҳои содиротии вилоят, бахусус дар самти меваи хушк  боз ҳам афзоиш ёфтааст ва дар ин бобат таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба  ба манфиати кор хоҳад буд. Сюзан Эллиот бо ишора ба он, ки дар муддати сафириаш дар Тоҷикистон бори аввал ба вилоят ташриф овардааст, таъкид  намуд, ки ба масъалаҳои иқтисодӣ аз ҷумла ба рушди соҳаи саноати сабук, инчунин ба масъалаҳои  ҳуқуқи башар, густариши ҷомеаи маданӣ, озодии баён, мусоидат дар рушди маорифу фарҳанг таваҷҷӯҳи бештар  хоҳад кард.

Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳоро баррасӣ намуданд.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан ЭллиотХотиррасон мекунем, ки Сюзан Эллиот 3-юми апрел бо сафари серӯзаи корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Дар ҷараёни ин сафараш ӯ аз «Гӯшаҳои Америка» дар Хуҷанд дидан карда, чунин гӯшаро дар шаҳри Исфара ифтитоҳ менамояд. Дипломати амрикоӣ ҳамчунин аз корхонаҳои саноатӣ ва ёдгориҳои таърихии шаҳри Хуҷанд, лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Сафорати ИМА маблағгузорӣ ва дар шаҳри Истаравшан амалӣ мешаванд, боздид ба амал меоварад. Ҳамчунин мулоқоти Сюзан Эллиот бо намоянданони ҷомеаи маданӣ дар вилоят пешбинӣ мешавад.

Сафари кории  Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиот ба вилояти Суғд рӯзи ҷумъа, 5-уми апрел ба поён мерасад.

Ҳамчунин шумо метавонед, навори ин мақоларо аз сомонаи www.youtube.com тамошо кунед. Видео :Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиот

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиот