Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд - 12.06.2021 18:12
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли равғани растании ҶДММ «Хубҷамъ-Инвест»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд - 12.06.2021 10:44
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли ғалла — ҶДММ «Хубҷамъ-Инвест»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд - 12.06.2021 10:31
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд - 12.06.2021 10:29
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 12.06.2021 09:01
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Кӯдакистони хусусии «Хуршеди Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд - 12.06.2021 08:50
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 11.06.2021 17:41
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд - 11.06.2021 13:16
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» боздид ба амал оварданд - 11.06.2021 12:54
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиëев аз ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» дидан намуданд - 11.06.2021 12:31

Исфара. Ба оилаи шахсони фавтида кӯмакҳои пулӣ расонида шуд

( 0 Овоз )

5 майи соли 2021 тибқи супориши Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба манзили шахсони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ ҳалокшуда ташриф оварда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони шаҳидон таъзия баён карданд.

Раиси вилоят ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба манзили шахсони марҳум, сокини Ҷамоати деҳоти Сурх - Бахтовар Маҳмудов, сокинони Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - Собир Ваҳобов, Манучеҳр Қаландаров, Ҳакимбой Ниёзов, Нусратулло Набиев, Ҳасанхон Шаропов, Далер Эшонов, Иброҳим Ҳошимзода, Ҳикматулло Махкамов ва сокини Ҷамоати деҳоти Ворух - Меҳрӯзиддин Болтаев рафта, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи онҳо изҳори тасаллият намуданд.

Таъкид карда шуд, ки қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва ҷоннисориҳои фарзонагони давр, ки барои ҳифзи хоки сарзамин худро сипар сохтанд, дар саҳифаҳои таърихи миллат абадан сабт мегардад.

Зимнан падари Ҳакимбой Ниёзов изҳор дошт, ки “ҳифзи марзи Ватан қарзи шаҳрвандии мост ва мо бо тамоми нерӯ барои ҳимояи кишвар омода ҳастем”.

Раҷаббой Аҳмадзода илова кард, ки давлату Ҳукумат аҳли оилаи шахсони фавтидаро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад ва ҳамеша барои дастгирии онҳо, аз ҷумла фарзандони шаҳидон чораҷӯӣ мекунад. То ба синни балоғат расидани фарзандони шахсони марҳум ба таълиму тарбияи онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, пас аз хатми мактаби миёна тавассути квотаҳо барои таҳсили онҳо дар муассисаҳои олӣ мусоидат карда ҳоҳад шуд. Ҳамзамон барои поси хотири шаҳидон лавҳаи ёдбуд гузошта мешавад.

Аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи шахсони зикршуда ба миқдори 70 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ супорида шуд.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода ҳини бозгашт аз шаҳри Исфара ба аҳли оилаи сокини шаҳри Конибодом Нозим Каримов ва сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Умедҷон Юсупов, ки бар асари даргириҳо шаҳид гаштанд, изҳори ҳамдардӣ карда, аз номи Сарвари давлат кӯмакпулиҳоро супорид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Исфара. Ба оилаи шахсони фавтида кӯмакҳои пулӣ расонида шуд