Хабарҳо
Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд - 18.05.2021 16:34
Миёни КВД «Садаф», Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд - 18.05.2021 16:27
Оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла - 18.05.2021 09:30
Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид - 17.05.2021 12:28
Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад - 17.05.2021 11:28
Ҳамоиши адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷойгоҳи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ" доир шуд - 17.05.2021 11:29
Дар Душанбе Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид - 17.05.2021 11:25
Баргузории Дави миллӣ дар Суғд - 16.05.2021 11:10
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 15.05.2021 11:17
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44

Боздиди Раиси вилоят аз Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ва ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” боздид кард.

Тавре маълум аст айни замон лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” амалӣ гардида истодааст, ки бо татбиқи пурраи он иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳ аз 21 мегаватт қариб то 30 ва дар маҷмӯъ тавоноии неругоҳ аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида мешавад.

Дар маҷмӯъ бо татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” 50 мегаватт зиёд гардида, истеҳсоли миёнаи неруи барқ афзоиш ёфта, таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодии вилояти Суғд бо неруи барқ ба таври назаррас баланд ва беҳтар хоҳад шуд.

Раҷаббой Аҳмадзоди ҳини боздид таъкид кард, ки тараққиёти хоҷагии халқ ва беҳбудии рўзгори мардуми вилояту ҷумҳурӣ аз пешравии соҳаи энергетика вобастагии калон дошта, масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи босифати лоиҳа тадбирҳои заруриро амалӣ созанд.

Ёдовар бояд шуд, ки корҳои сохтмонии Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” соли 1952 оғоз гардида, агрегати якуми он бо иқтидори 21 мегаватт 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шудааст. Дар маҷмуъ неругоҳ аз 6 агрегат иборат буда, аз 20 ноябри соли 1957 то имрӯз бо иқтидори пурраи 126 мегаватт фаъолият дорад.

Сипас, Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” шинос гардида, барои ба ободониву кабудизоркунӣ фаро гирифтани атрофи корхона ба масъулин супоришҳо дод.

Бояд зикр намуд, ки «Қолинҳои Қайроққум» беш аз 60 сол инҷониб фаъолият дошта, бо дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба корхона таҷҳизоти зарурии замонавӣ ворид карда шудааст. Қолинҳои дар ин корхона истеҳсолшаванда бо сифату зебоӣ ва нақшу нигори хоса  дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ талабгорони зиёд дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раиси вилоят аз Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ва ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”