Хабарҳо
Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд - 18.05.2021 16:34
Миёни КВД «Садаф», Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд - 18.05.2021 16:27
Оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла - 18.05.2021 09:30
Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид - 17.05.2021 12:28
Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад - 17.05.2021 11:28
Ҳамоиши адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷойгоҳи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ" доир шуд - 17.05.2021 11:29
Дар Душанбе Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид - 17.05.2021 11:25
Баргузории Дави миллӣ дар Суғд - 16.05.2021 11:10
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 15.05.2021 11:17
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44

Ба оилаҳои зарардида, захмиён ва қурбоншудагони муноқишаҳои марзӣ кӯмакҳои моливу пулӣ расонида мешавад

( 0 Овоз )

3 май дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони мутасаддӣ иштирок доштанд.

Дар машварат вазъи бартарафсозии оқибатҳои даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд. Вобаста ба ҳолати кунунии корҳо муовини раиси шаҳри Исфара Ҷаъфар Ҳайдарзода гузориш дод. Бино ба иттилои ӯ алҳол шаҳрвандоне, ки аз минтақаҳои ноамн кӯчонида шуда буданд, ба ҷойи зисти доимиашон баргардонида шуда истодаанд. Онҳое, ки манзили зисташон пурра хароб гардидааст, дар маҳалли муваққатӣ истиқомат доранд.

Раиси вилоят таъкид кард, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди корӣ ташкил гардида, манзили истиқоматии сокиноне, ки бар асари муноқишаҳо хароб шудааст, дар муддати як моҳ пурра барқарор карда хоҳад шуд. Хонаҳои нафароне, ки аз даргириҳо осеб дидааст, дар фурсатҳои кутоҳтарин ба таъмир фаро гирифта мешавад.

Ҳамзамон аз тарафи давлат ба оилаҳои зарардида, захмиён ва қурбоншудагон кӯмакҳои моливу пулӣ дастрас мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ба оилаҳои зарардида, захмиён ва қурбоншудагони муноқишаҳои марзӣ кӯмакҳои моливу пулӣ расонида мешавад