Хабарҳо
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ анҷом доданд - 14.05.2021 10:23
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд - 12.05.2021 19:13
Ба 316 нафар аробачаҳои маъюбӣ супорида шуд - 12.05.2021 11:58
Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди саиди Фитр табрик намуд - 13.05.2021 10:31
Кӯмаки мардуми Мастчоҳ ба сокинони зарардидаи Исфара - 12.05.2021 10:49
Раҷаббой Аҳмадзода Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Абдушукур Назаровро бо рўзи милодаш табрик гуфт - 12.05.2021 09:54
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр - 12.05.2021 09:13
Дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон - 12.05.2021 09:10
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд - 12.05.2021 09:05

Хуҷанд: Нони бепул дар ярмарка ташкил карда шуд

( 1 Овоз )

Cубҳи имрӯз бо мақсади ғанӣ ва фаровон намудани дастархони рамазонии мардум дар мавзеъи назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва молҳои саноатӣ сурат гирифт. Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд аз бозор 20-30 фисад арзон маҳсулотҳо пешкаш карда шуданд. Дар гӯшае барои ниёзмандон нони бепул низ тақсим карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни ташкили ярмарка боздид намуданд.

Тавре аснои боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, аз ҷониби шаҳру навоҳии вилоят ва корхонаҳо дар ярмарка картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, меваҳои гуногун, равған, консерва, гӯшти гов, гӯсфанд, паранда, моҳӣ, орд, намак, шакар, тухм, асал, маҳсулоти нониву гӯштӣ ва ғайраҳо бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шуда буд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид таъкид кард, ки бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бо нархҳои нисбатан арзон ба аҳолӣ пешниҳод намудани маводи ғизоӣ чунин ярмаркаҳо мунтазам ташкил карда шуда, сокинон метавонанд маҳсулоти зарурии худро арзонтар аз бозор дастрас намоянд. Ҳамзамон ба масъулин барои фаровоннамоии маҳсулоти ярмарка ва дар сатҳи баланд гузаронидани он бо назорати нархи маҳсулоти пешниҳодшаванда то анҷоми ярмарка супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Хуҷанд: Нони бепул дар ярмарка ташкил карда шуд