Хабарҳо
Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд - 18.05.2021 16:34
Миёни КВД «Садаф», Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд - 18.05.2021 16:27
Оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла - 18.05.2021 09:30
Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид - 17.05.2021 12:28
Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад - 17.05.2021 11:28
Ҳамоиши адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷойгоҳи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ" доир шуд - 17.05.2021 11:29
Дар Душанбе Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид - 17.05.2021 11:25
Баргузории Дави миллӣ дар Суғд - 16.05.2021 11:10
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 15.05.2021 11:17
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44

Раҷаббой Аҳмадзода: Занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро гузошта истодаанд

( 0 Овоз )

4 марти соли 2021 дар Қасри Арбоб ба муносибати Рӯзи Модар чорабиниии тантанавии идона баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ занону бонувонро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рўзи Модар табрик гуфта, барояшон иқболи некў, толеи баланд ва рўзгори ободу осуда орзу намуд.

Таъкид карда шуд, ки модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат, нерўбахши рўҳу ҷон, азизу меҳрубон, дастгиру нигаҳбон, роҳбару мададрасон, дуогўи ҷон, дили пурмеҳре дорад, ки чун офтоб меҳраш ба фарзанд қуввату дармон, меҳру вафо мебахшад.

Дар сатҳи давлатӣ ва ботантанаву шукўҳи хосса ҷашн гирифтани Рўзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, омўзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

-Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеъ ва ҷойгоҳи занон таваҷҷўҳи хосса зоҳир гардид. Сарвари давлат чун ҳамеша, занонро нерўи созандаи ҷомеа дониста, бо ишора ба нақши фаъоли онҳо дар ҷомеаи имрўза, эътимоду боварии худро нисбат ба онҳо чунин баён доштанд:

“Имрўз занон дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва хизмати давлатӣ нақши бисёр арзишманд доранд ва мо дар оянда барои онҳо шароити ҳарчӣ беҳтар муҳайё мекунем ва ташаббусҳои занону бонувони мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем”.

Натиҷаи ҳамин сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзуда, занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд, - иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Қайд гардид, ки аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд,  186  нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 650 нафар вакилони халқи ҷамоатҳо интихоб гардиданд ва ин рақам нисбат ба давраи гузаштаи интихобот зиёд мебошад. Ҳамзамон, аз ҳисоби занони вилоят 1 нафар муовини Раиси вилоят, 1 нафар роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, 1 нафар раиси шаҳр, 15 нафар муовини раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд, ки онҳо шарафмандона фаъолият мебаранд.

Дар вилоят бештар аз 1 миллиону 363 ҳазор нафар занону духтарон умр ба сар мебаранд ва аз онҳо  9726 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунандава 1242 нафарашон дар мақомоти давлатӣ фаъолият мебаранд.

Имрўз дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят 12 нафар доктори илм ва 336 нафар номзади илм аз ҳисоби бонувон фаъолият дошта, аз 30 ҳазору 430 нафар заноне, ки дар соҳаи маориф кор мекунанд, 713 нафарашон Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Дар соҳаи нигаҳдории тандурустии вилоят бошад, 23 ҳазору 270 нафар занон фаъолият мебаранд. Аз 620 нафар роҳбарони муассисаҳои тиб, 175 нафарашон занҳо буда, ин қариб 30 фоизро аз ҳисоби шахсони роҳбар ташкил медиҳад. Дар соли 2020-ум 16 нафар занон соҳиби унвони “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 1 нафар бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонда шудаанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки занону бонувони меҳнатқарини вилоят бо саъю талоши комили хеш дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии ҷомеа, таҳкими арзишҳои волои ваҳдату ҳамгироӣ, дўстиву рафоқат, ватанпарастӣ ва дар маҷмўъ сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоиста мегузоранд.

Дар охир аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раҷаббой Аҳмадзода: Занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро гузошта истодаанд